Ҳамроҳ ба боло ва ҳам ба поён
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол, фарзанди Шумо метавонад кӯшиш кунад, ки ба зинаҳо боло барояд (дар хона ё дар ҳар ҷое ки нардбон бошад). Вақте ки якчоя бо фарзандатон ба зинапоя боло ё поён меравед, метавонед суруд ё қофияи кӯтоҳ эҷод кунед. Шумо метавонед бозича ё дигар ашёи хурдеро дар зинаи охир гузоред, то барои ба қулла баромадан барои кӯдак ҷолибтар гардад. Ҳамзамон ба кӯдак наздик будан муҳим аст - дастатонро ба пушти кӯдак гузошта, дар зинаи оянда ё қаблӣ исто, кӯдакро аз қафо дастгирӣ намоед - дар маҷмӯъ ҳамеша онҷо бошед, то ҳама чиз бехатар бошад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолият ҳамоҳангии ҷисмониро беҳтар мекунад. Ва тифл низ бештар мутмаин аст, ки Шумо ҳамеша ба ӯ дар омӯхтани чизҳои нав кумак хоҳед кард ва ҳамзамон ӯ ҳамеша орому осуда хоҳад буд.