Ҳаракатҳо бо мусиқӣ
Маводҳои лозима: Мусиқӣ бо назмҳои гуногун; қошуқи чӯбӣ/чӯб.
Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Барои он, ки машғулиятро оғоз намоед, мусиқиеро, ки ҳамроҳи кӯдак истифода менамоед, омода кунед; шумо метавонед мусиқиҳоро бо назмҳои гуногун истифода намоеду онро содда намоед, то ин ки онро такрор намудани он осон шавад.
Фарзандатонро ба дастатон гирифта аз руйи назми мусиқӣ рақс кунед. Шумо метавонед аз як хона ба дигараш ҳаракат кунед, то ин ки кӯдак бо ҳаракатҳо шинос шавад. Баъдан Шумо метавонед бо кӯдак ба фарш, ҳамвории қулай шинеду аз назми мусиқӣ пай баред, ин дафъа бо қошуқи чӯбӣ ё даст ба фарш зарбаҳо занед. Ба кӯдак пешниҳод кунед, ки ҳаракатҳои Шуморо тақлид кунад.
Дар ин амалиёт фарзанди Шумо ба назм пайгирӣ намекунад, лекин ин ҳамчун воридшавӣ мешавад, то ин ки кӯдак онро баътар иҷро карда тавонад.
Агар Шумо мусиқиро пахш карда натавонед, Шумо метавонед шеър хонед ва рақс кунед, инчунин ҳаракатро аз руйи назм иҷро намоед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ёрии ин фаъолият Шумо метавонед дар кӯдак ҳисии назмро инкишоф диҳед, алоқаро бо ҳаракат муқаррар намоед, бо андак кӯмак нишастанро ёд диҳед.