Ҳароратбаландӣ
Ҳароратбаландӣ чист?
Ҳудуди ҳарорати муқаррарӣ барои кӯдакон аз 36,5°C то 38°C мебошад. Ҳароратбаландӣ гуфта ҳолатеро меноманд, ки агар ҳарорати бадани кӯдак аз 38°C баланд шавад.
Ҳарорати баланди бадан ин худ беморӣ набуда, балки аломати беморӣ мебошад.
Сабабҳои пайдоиши табларза ва ҳарорати баланд дар кӯдакон
Ҳароратбаландӣ дар кӯдакон бо сабабҳои гуногун пайдо мешавад.
Сабаби аз ҳама бештар вохӯрандаи ҳароратбаландӣ дар кӯдакон бемориҳои сироятӣ мебошанд. Умуман, ҳарорати баланди бадан нишонаи он аст, ки ҷисми кӯдаки Шумо бо сироят мубориза мебарад.
Сабаби сирояти кӯдакон вирусҳо, бактерияҳо ва микробҳо мебошанд. Сироятҳое, ки метавонанд боиси ҳароратбаландӣ шаванд, ба ҳама узвҳо ё системаҳои бадан метавонанд таъсир расонанд.
Сабабҳои нисбатан камтар паҳншудаи пайдоиши ҳароратбаландӣ низ вуҷуд доранд. Ба ин ҳолатҳо аксуламалҳои аллергикӣ ба доруҳо ё ваксинаҳо, илтиҳоби музмини буғумҳо, баъзе намуди варамҳо / омос ва бемориҳои узвҳои ҳозима, ба монанди бемории Крон, мансуб мебошанд.
Аломатҳои ҳароратбаландӣ
Ҳарорати баланд метавонад боиси нороҳат шудани кӯдак гардад - ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан ӯ метавонад вараҷа ё ларзишро эҳсос намояд ва ҳангоми паст шудани он ӯ метавонад арақ кунад. Агар кӯдаки Шумо бисёр арақ кунад ё ба қадри кофӣ моеъ нанӯшад, баъзан дар кӯдаки Шумо метавонад хушкшавии обӣ бадан пайдо шавад.
Дар кӯдакони синни аз шашмоҳа то шашсола ихтилоҷи табларзавӣ пайдо шуданаш мумкин аст.
Дар аксари ҳолатҳо, ҳарорати баланди бадан ва бемориҳое, ки боиси пайдоиши он мешаванд, якчанд рӯз давом мекунанд. Лекин баъзан ҳарорати баланди бадан метавонад муддати тӯлонӣ давом намояд, хусусан агар он нишонаи бемории асосӣ ё бемории музмин бошад.
Агар Шумо фикр кунед, ки кӯдакатон ҳароратбаландӣ дорад, ҳарораташро бо ҳароратсанҷ чен кунед, то муайян намоед, ки ҳарорати бадани кӯдаки Шумо аз меъёр зиёд аст ё не.
Дар ҳолати ҷой доштани табларза ва ҳароратбаландӣ кай ба табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат кардан лозим аст?
Кӯдакони то семоҳае, ки дар онҳо ҳароратбаландӣ ҷой дорад, бояд фавран ба шуъбаи ёрии таъҷилӣ дастрас карда шаванд. Ин ҳолат ба он вобаста мебошад, ки дар мавриди ҷой доштани ягон бемории ҷиддӣ муайян кардани он дар кӯдакони мазкур мушкил мебошад.
Агар дар кӯдакони синнашон аз 3 то 12-моҳа ҳароратбаландӣ ҷой дошта бошад, метавонад нишонаи ягон бемории ҷиддӣ бошад ва барои ҳамин ҳам барои гирифтани машварати тиббӣ ба табиби оилавӣ/педиатр бояд муроҷиат намоед.
Агар фарзанди шумо ҳарорати баланд ва аломатҳои зерин дошта бошад, шумо бояд фавран ба ёрии таъҷилӣ занг занед (ба рақами103) ё ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ равед:
- вай нисбат ба пештара намуди зоҳирии дардманд дорад - масалан, фарзанди Шумо бештар рангпарида, беҳол ва заифтар бошад
- нафаскашии душвор
- кӯдак хоболуд мешавад ё ба ангезишҳои Шумо аксуламал нишон намедиҳад
- Шумо фикр мекунед, ки организми вай камоб шудааст, нӯшидан намехоҳад ё кам пешоб мекунад
- кӯдак аз шахшавии мушакҳо, дарди сари доимӣ ё дарди сабуки чашм шикоят мекунад
- вай доим қай мекунад ё зуд-зуд хуруҷи дарунравӣ дорад
- дар пӯсти бадан доначаҳо дорад, ки дар мавриди пахш кардани он бо шишача ва аз қабати он нигоҳ кардан, нест намешавад
- кӯдак аз дард шикоят мекунад ё доим гиря мекунад
- шуморо бо ягон сабаби дигар ба ташвиш меандозад
Шумо фарзанди худро беҳтар медонед ва бинобар ҳамин, агар фикр кунед, ки фарзандатон худро бад ҳис мекунад ё дар ӯ аломатҳои бемории ҷиддӣ зоҳир шаванд, ки ёрии таъҷилии тиббиро талаб мекунанд, ба садои дили худ гӯш диҳед.
Табобати ҳароратбаландӣ
Ҳароратбаландӣ ин ҳолатест, ки хеле кам боиси зарар ба кӯдакон мегардад. Одатан, кӯдакон онро хуб аз сар мегузаронанд.
Танҳо дар ҳолате, ки ҳароратбаландӣ кӯдакатонро нороҳат месозад, Шумо метавонед онро табобат намоед. Ҳароратбаландӣ новобаста аз табобат нест мешавад.
Агар кӯдаки Шумо ҳарорати баланд дошта бошад, пеш аз ҳама – барои пешгирӣ намудан аз беобшавии бадани кӯдак ба ӯ зуд-зуд нӯшокии ширагарм диҳед.
Инак, барои бароҳат будани фарзандатон Шумо боз чӣ кор карда метавонед:
- Ба кӯдак либоси сабук пӯшонед.
- Ба кӯдак мувофиқи миқдори тавсияшуда ва дар фосилаҳои мувофиқ доруи парасетамол диҳед. Инчунин ба кӯдакони аз се моҳа калон доруи ибупрофен додан мумкин аст. Доруҳои пасткунандаи ҳарорати баданро зуд-зуд ё ба муддати тӯлонӣ надиҳед, зеро онҳо метавонанд таъсири манфӣ дошта бошанд, масалан ба зарарёбии ҷигар оварда расонанд. Аз рӯи тавсияҳои табиби оилавӣ/педиатр амал намоед.
- Кӯдакро дар оби хунук оббозӣ надоронед, бо исфанҷи намнок баданашро молиш надиҳед ва аз вентилятор истифода набаред, ки инҳо метавонанд кӯдаки Шуморо бештар нороҳат созанд.
- Ба кӯдак маҷбуран хӯрок нахӯронед. Агар дар вақти ҳарорати баланд кӯдак гурусна набошад, ин ҳолати муқаррарӣ аст.
Агар ҳарорати баланди кӯдаки Шумо аз сабаби сирояти бактериявӣ ба вуҷуд ояд, барои бартараф кардани сироят зарурияти таъин намудани табобати антибактериалӣ талаб карда мешавад. Пеш аз таъин намудани ягон дорувории антибактериалӣ бо табиб машварат намоед.
Ҳеҷ гоҳ ба фарзандатон доруи аспирин надиҳед. Доруи мазкур метавонад ӯро ба синдроми Рей, бемории кам вохӯранда, вале эҳтимолан марговар таъсирпазир намояд. Ин доруворӣ инчунин, метавонад дар кӯдаконе, ки бемории обакон ё зуком ҳастанд, ҷараёни бемориро вазнин намояд ё ҳатто боиси марг шавад.