Ҳассосияти ғайриғизоӣ дар кӯдакон

Агар кӯдакон ба гардолудшавии дарахтон ё алафҳо, ҳайвонот, газидани ҳашарот ва ғайра ҳассосият дошта бошанд, ба онҳо омӯзонед, ки аз таъсири аллергенҳо худро дур гиранд. Ба аломатҳои аксуламали аллергии сабук ва муътадил доғ, варамнокӣ, обравӣ аз чашмҳо, дарди шикам, қайкунӣ, аксуламал нисбат ба гулкунии дарахтон ва нафастангӣ мансуб мебошад. Ба аломатҳои аксуламалҳои дараҷаи вазнини аллергӣ ё анафилактикӣ варам кардани луобпардаи даҳон, тангшавии гулӯ, садои хирросӣ, душвории нафаскашӣ ва беҳушшавиро дарбар мегиранд. Бо табиби оилавӣ/кӯдаконаи худ дар бораи ҳассосият доштани фарзандатон машварат намоед.
Body
Ҳассосиятҳои ғайриғизоӣ

Бисёре аз кӯдакон нисбат ба ашёҳои муқаррарии хона ва муҳити зист, аз қабили газидани ҳашарот, таъсири пашми ҳайвоноти хонагӣ, растаниҳо ва гардолудшавӣ аксуламал нишон медиҳанд. Аломатҳои ҳассосият бо дараҷаҳои сабук, миёна ва вазнин пайдо мешаванд.

Агар Шумо фикр кунед, ки фарзанди Шумо ҳассосият дорад, бо табиби оилавӣ/кӯдаконаи худ машварат кунед, то ки Шуморо ба назди табиби аллерголог барои баҳодиҳии ҳолати кӯдакатон равона кунад.

Аксуламали аллергикии намуди сабук ё муътадил

Ба нишонаҳои аксуламали аллергикии намуди сабук ё муътадил одатан як ё якчанд зуҳуроти клиникӣ хос мебошад:

  • донасорӣ ё саглес
  • варами рӯй, чашм ё лабҳо
  • ҳисси хала дар ковокии даҳон
  • экзема, аксуламал нисбат ба гул кардан ё аломатҳои бемории диққи нафас – ин аломатҳо метавонанд нисбат ба ҳолатҳои муқаррарӣ зиёдтар бошанд.
  • диарея, дарди шикам ё қайкунӣ
Дар мавриди аксуламалҳои сабук ва муътадил чӣ бояд кард?

Агар Шумо фикр кунед, ки дар кӯдаки Шумо аксуламалҳои аллергикии дараҷаи сабук ё муътадил ҷой дошта бошанд, ба ӯ вояи мувифиқи доруҳои антигистаминӣ диҳед.

Дар доруқутии хонагии Шумо ҳамеша бояд дорувориҳои антигистаминӣ мавҷуд бошанд.

Аксуламалҳои аллергикии дараҷаи сабук ва муътадил зуҳуроти паҳншуда мебошанд ва фавти одамон аз ҳолатҳои аллергикӣ баъзан ба назар мерасад. Фавти шахси ба аксуламали аллергикӣ гирифторшуда дар мавриди саривақт нахӯронидани дорувории ҳаётан муҳим ба амал омада метавонад.

Аксуламали аллергикии вазнин ё аксуламали анафилактикӣ

Аксуламали аллергикии вазнинро аксуламали анафилактикӣ меноманд. Ба он як ё якбора якчанд зуҳурот хос мебошад:

    • нафаскашии душвор ё садонок
    • варами забону ҳалқ ё ҳисси пахшкунӣ ба онҳо
    • душвор шудани гапзании кӯдак ва ё овози хирросӣ
    • хирросҳо ё сулфаи давомнок
    • сарчархзании доимӣ ё беҳушии кӯтоҳмуддат
    • паридани ранги рӯй ё сустҳолӣ (дар кӯдакони хурдсол)
    • пастшавии фишори хун
    • диарея, дарди шикам ё қайкунӣ пас аз газидани ҳашарот

Аксуламали анафилактикӣ – ин ҳолати барои ҳаёт хатарноке мебошад, ки кӯмаки фаврии тиббиро талаб мекунад. Агар дар кӯдаки Шумо аксуламали анафилактикӣ мушоҳида карда шавад, ӯро дар курсӣ шинонед ё ба фарш хобонед. Нагузоред, ки ӯ рост истад ё роҳ гардад. Сӯзандору-тюбики дорои маҳлули адреналин, масалан EpiPen истифода баред. Баъдан ёрии таъҷилиро даъват намоед (бо телефони 103).

Ҳассосият нисбат ба маводҳои доруворӣ

Кӯдаки Шумо метавонад ҳангоми истеъмоли доруҳои таъиншуда, махсусан антибиотикҳо доғ ё варам пайдо кунад. Чунин аломатҳо метавонанд дар натиҷаи таҳаммулнопазирӣ нисбат ба баъзе ҷузъҳои дору ба вуҷуд оянд. Аммо баъзан, доғ ва варам метавонад  на аз ҳисоби баландҳасосӣ, балки аз ҳисоби сирояти ноаён ба вуҷуд ояд.

Агар фарзанди Шумо пас аз истеъмоли дору дарунравӣ ё қайкунӣ дошта бошад, эҳтимол ин аксуламали аллергӣ нест. Эҳтимол, сабаби ин гуна ҳолат метавонад беморӣ ё таъсири маводи доруворӣ ба меъда бошад.

Аксуламалҳо нисбат ба эмкунӣ бо зуҳуроти муқаррарӣ дар ҷои тазриқ зоҳир мешаванд, ки одатан он бо  шакли дард, сурхшавӣ ва варам мушоҳида карда мешаванд. Ҳарорати бадани кӯдаки Шумо метавонад каме баланд шавад. Аксуламалҳои ҳақиқии аллергӣ нисбат ба таъсири ваксинаҳо хеле кам вомехӯранд.

Агар Шумо нисбат ба доруворӣ дар кӯдаки худ аксуламалро мушоҳида намоед, беҳтар аст бо табиби оилавӣ/кӯдакона машварат намоед.

Намудҳои ҳассосияти умумӣ:
Ҳассосият нисбат ба ҳайвоноти хонагӣ

Дар кӯдакон метавонад ҳассосият нисбат ба пашм, қил ва луоби даҳони гурбаҳо, сагҳо ва харгӯшҳо пайдо шавад.

Пешгирӣ:

Агар ҳайвони хонагӣ боиси пайдоиши аксуалмали аллергикӣ гардад, усули беҳтарини пешгирӣ ин тамос надоштани кӯдак бо ҳайвон мебошад – яъне ҳайвонро дар берун нигоҳубин кардан лозим мебошад. Нагузоред, ки ҳайвон дар кати хоби  кӯдак хобад ё ба хонаи хоби кӯдак ворид шавад.

Ҳассосият нисбат ба гарди растаниҳо ва чанг

Ин ҳассосияти мавсимӣ ба ҳисоб рафта дар фаслҳои баҳору тобистон дар мавриди гул кардани растаниҳои гулдор ва дигар растаниҳо зиёд мешавад.

Пешгирӣ:

  • дар рӯзҳои гул кардани растаниҳо ва инчунин рӯзҳои шамол дару тирезаи биноҳоро пӯшонед.
  • пас аз бозӣ кардан дар кӯча, махсусан дар мавриди пайдошавии хориш кӯдакро оббозӣ доронед.
Ҳассосият нисбат ба латекс

Дар кӯдаки Шумо ҳангоми тамос доштан бо маводҳое, ки дар таркибашон латекс доранд метавонад сурхшавӣ, донасорӣ ё варам пайдо шавад. Ин маводҳо метавонанд ҳубобчаҳои ҳавоӣ, дастпӯшакҳои резинӣ, пистонакои зарфҳои ғизохӯрии кӯдакона ё пистонакҳо бошанд.

Агар кӯдаки Шумо нисбат ба латекс ҳассосият дошта бошад, Шуморо зарур аст, ки дар ин бора ба ҳамаи табибон, даҳонпизишкҳо ва дигар кормандони беморхонае, ки Шумо бо фарзандатон муроҷиат мекунед, хабар диҳед. Онҳо бояд аз истифода аз маводҳои латексӣ дар мавриди муоинаи фарзанди Шумо худдорӣ намоянд.

Дар баъзе шахсон аксуламали анафилактикӣ аз таъсири латекс пайдо мешавад. Агар дар кӯдаки Шумо аломатҳо ва нишонаҳои аксуламали анафилактикӣ мушоҳида карда шавад, ӯро ба фарш хобонида бо ёрии сӯзандору-тюбик, ки адреналин дорад сӯзандору гузаронед ва ёрии таъҷилиро даъват намоед (бо телефони 103).