Хати монеаҳо
Маводҳои зарурӣ: Қуттиҳои картонӣ; Давра ё матраси пуфшаванда; Мебели боғӣ; Кӯрпаҳо; Болиштҳо; Бозичаҳои мулоим; Ҳалқаҳо; Ресмон
Иловатан: сонияшумор
Машғулият аз чӣ иборат аст: Ба фарзандатон / фарзандонатон барои дар боғ бунёд намудани роҳи монеа кӯмак кунед. Шумо метавонед ашёҳои гуногун, аз қабили қуттиҳои картонӣ, кӯрпаҳо, чанбарак, ҳалқаи пуфшаванда ва ғайраҳоро ҷамъ кунед ва бигзор кӯдакон ихтироъ кунанд, ки чӣ тавр онҳоро истифода мебаранд. Аз пайи баъзеаш онҳо бояд бигзаранд, аз болои чизе ҷаҳанд, дар зери чизе гавак кашида (хазида) гузаранд ...Баъзе чизро кӯшиши дар сар нигоҳ дошта, ҳалқаро гардондан мумкин аст. Пас аз он ки кӯдакон роҳи монеаҳояшонро бо супоришҳо месозанд ва онро санҷида мебинанд, акнун мумкин аст, ҳама муддати муайян дар якҷоягӣ мусобиқа кунанд ё қоидаҳои иловагиро ҷорӣ кунанд.
Беҳтараш аз оддиаш оғоз кунед – аз қуттиҳои картонӣ ва ашёҳои резинии пуфшаванда. Баъдан, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ гуна шумо бозичаҳои мулоим, ҳалқаҳо, тӯбҳо ва ҳатто кӯрпаро истифода бурда метавонед. Дар марказ истед, кӯдакон бошанд дар атрофи шумо монеаҳо ташкил кунанд. Бигзор супоришҳо гуногун бошанд - ба шумо лозим аст, ки ба баъзе ашёҳо бароед, аз болои баъзеҳояш ҷаҳед, дар зери баъзеҳояш дароед, ба баъзеҳояш убур кунед. Вақте ки шумо ба итмом расондед, роҳи монеаи омодашударо санҷед! Вақтро бо сониясанҷ қайд кунед, сипас кӯшиш кунед натиҷаи худро беҳтар созед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар кӯча сохтани роҳи монеаҳо як кори шавқовар, хурсандона ва фаъол аст. Ҳеҷ гап нест, агар кӯдак каме ифлос шавад! Ҳамаи он чизе, ки лозим аст – ин ашёҳои сабук, содда ва бехатар, ба монанди қуттиҳои картонӣ ва болишт. Ин бозиҳои фаъол тахайюлро инкишоф медиҳанд, малакаҳои маърифатиро бармеангезад ва ҳангоми баромадан, давидан ва сайр кардани кӯдакон, қувват ва маҳоратро зиёд мекунанд.