Ҳавопаймои қоғазӣ чӣ гуна сохта мешавад

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Қоғаз  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Барои сохтани ҳавопаймои қоғазӣ қадамҳои зеринро иҷро кунед:

  1. Як қоғази А4-ро гиред ва онро ду қат намоед. Ду кунҷи болои қоғазро ба самти маркази қоғаз қат намуда секунҷаи тезро ба болои хати марказӣ пӯшонед.
  2. Қоғазро аз нав ба дарозиаш қат кунед. Он чизе, ки ҳамчун боли ҳавопаймо ҳисобида мешавад, ба самти поён қат кунед. Кӯшиш намоед, ки бо қат кардани кунҷҳо, болҳоро калон ё хурдтар кунед ва бубинед, ки дар кадом ҳолат ҳавопаймои қоғазии Шумо беҳтар парвоз мекунанд.
  3. Пас аз он ки Шумо бо болҳо бозӣ мекунед, кӯшиш кунед, ки қисми пеши профили классикии ҳавопаймои қоғазиро хам кунед, то маркази вазнинӣ баробар карда шавад ва он дуртар парвоз кунад. Барои ин, пас аз қадами 2, қисми пеши ҳавопаймои қоғазиро ба ақиб қат кунед, то хати рост ҳосил намоед ва сипас онро дубора ба пеш пӯшед, то нӯги он ба ин хати рости ҳосилшуда бирасад, вале аз он нагузарад. Пас ба қадами 3 гузаред.

Ҳавопаймоҳои коғазии гуногуншаклро дар фазо сар дода мусобиқа ташкил намоед ва бубинед, ки кадоме аз онҳо дуртар парвоз мекунанд! Дуртарин партоби ҳавопаймои коғазӣ аз ҷониби футболбози амрикоӣ Ҷо Айоб дар соли 2012 сурат гирифта, он ба масофаи 69,14 метр парвоз кардааст.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Аз сохтани ҳавопаймо бо дастони худ ва тамошои парвози он чӣ хуштар буда метавонад? Кӯшиш кунед, ки якчанд намудҳои гуногуни ҳавопаймои қоғазиро сохта бубинед, ки кадоме аз онҳо дуртар парвоз мекунад. Кӯдакон таҷриба гузаронидан ва кӯшиши такмил додани моделро дӯст медоранд. Онҳо ҳатто намефаҳманд, ки асосҳои илми авиатсия ва физика, - қувваи ҷозиба, кашиш, муқовимат ва бардоштанро меомӯзанд!