Ҳайвонот тавассути изи ангушт
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Рангҳои шустанбоби ангуштӣ / рангҳои бехатар; Табақи хурд барои омехтани ранг; Коғаз; Пешдоман ё либоси кӯҳна; Рӯйпӯш; Латта.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Аввалан, барои эҷодкорӣ ва тозакунӣ ҳама чизи лозимаро омода кунед (хусусан барои кӯдакони хурдсол).
Аз кӯдакон пурсед, ки чӣ гуна ҳайвонҳоро эҷод кардан мехоҳанд. Ин метавонад ҳар намуди ҳайвон бошад - гурба, фил, муш, сангпушт ... ё ҳатто якчанд ҳайвон барои сохтани ферма, боғи ҳайвонот ё ҷангал!
Мо рангҳоро мегирем! Шумо метавонед косаи на онқадар ҷуқурро барои омехтани ранг истифода баред, ва ин усули хубест барои ба кӯдакон нишон додан, ки чӣ гуна рангҳои навро омехтан ва ёфтан мумкин аст.
Аз кӯдакон талаб кунед, ки ангушти худро ба ранг тар карда, сипас дар рӯи коғаз чоп кунанд, то ки паи гузоштаашон ҳамчун сар ва ё бадани ҳайвонот хидмат кунад.
Бигзор ранг хушк шавад, пас аз он кӯдакон метавонанд ранг кардани ҷузъиёти дигар - гӯшҳо, рах, думҳо - ҳама чизеро, ки барои кашидани расми ҳайвонеро, ки мақсад гирифтаанд, ба анҷом расонанд!
Кӯдакони калонсол шояд мехоҳанд бо ангуштони худ бештар наққошӣ кунанд ва аз изҳо замина эҷод кунанд, ба монанди баҳр дар атрофи сангпушт ё алаф ва дарахтон дар атрофи фил.
Кӯдакони хурдсол бошанд, метавонанд ҳарчи бештар рангро молида, бо ангуштони худ ба варақ моланд. Барои ин коғазҳои кофиро захира кунед, то ки онҳо ҳарчиро ки мехоҳанд эҷод кунанд!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдакон ҳеҷ гоҳ аз расмкашӣ дилгир намешаванд! Ин машғулияти эҷодӣ ба кӯдакон имкон медиҳад, ки рангҳо ва шаклҳоро барои ифодаи худ истифода баранд ва дар натиҷа ҳайвонҳои дӯстдоштаашон ба вуҷуд меоянд!