Ҳайвонотро бо тартиби алифбо номбар мекунем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бозӣ аз он оғоз мешавад, ки бозингари аввал номи ягон ҳайвонро мегӯяд. Сипас, бозингари навбатӣ ҳайвони дигареро номбар мекунад, ки номаш бо ҳарфи охирини номи ҳайвони қаблӣ оғоз мешавад. Масалан: шер, рӯбоҳ, ҳамдуна ва ғ.
Агар яке аз бозингарон дар давоми як дақиқа (ё ягон вақти муқарраршуда) номи ягон ҳайвонро гуфта натавонад, ӯ аз бозӣ мебарояд!
Агар ба Шумо бозии ҳайвонот бо тартиби алифбо маъқул бошад, Шумо метавонед мавзӯъҳои дигарро низ интихоб кунед. Ба ҳамин монанд, Шумо метавонед номи кишварҳо, шаҳрҳо, маводи хӯрокворӣ ва ғайраро бозӣ кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии оддӣ ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки малакаҳои имлоиашон такмил ёбад, захираи луғати онҳоро васеъ кунад ва инчунин дониши онҳоро оиди олами ҳайвонот беҳтар намояд. Илова бар ин, ин як роҳи олӣ барои вақтгузаронӣ дар сафарҳои дур аст!