Ҳикояҳо аз рӯи алифбо
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бозингари якум калимаи аввалини ҳикояро, ки бо ҳарфи “А” сар мешавад, мегӯяд. Бозингари дигар калимаи дуюмро, ки бо ҳарфи “Б” сар мешавад, илова мекунад. Ҳамин тавр, бозингарон бо навбат калимаҳоеро илова менамоянд, ки бо тартиби алифбо оғоз мешаванд. Масалан, “Алӣ бародарашро вақти гиристанаш ғам дод”. Бигзор, кӯдакон аз А то Я кӯшиши калима сохтан намоянд!
Душвортарашро мехоҳед? Кӯшиш намоед, ки ҳарфҳои алифборо аз охир ба аввал истифода намуда калима созед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият – усули хуби азёд намудани алифбо аз ҷониби кӯдакон мебошад. Онҳо ҳамон қадар хурсанд хоҳанд шуд, ки ҳатто пай намебаранд, ки худашон ғайриихтиёрона маҳорати худро машқ мекунанд ва ҳамзамон қаноатманд мемонанд!