Ҳикояҳое, ки бо ҳиссиёт вобаста ҳастанд

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Маҷмуи ҳикояҳо бо қаҳрамонҳое (одамон ё ҳайвонҳо), ки ҳиссиёти гуногун эҳсос менамоянд ё сурати шавқовар аз маҷала, ки аз он Шумо метавонед ҳикоя эҷод намоед.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол фарзандатон бо ҳамроҳи Шумо аз тамошои китобҳо ва тасвирҳо лаззат мебарад. Вай пай мебарад, ки дар ин ҳикояҳо чӣ рух дода истодааст, аз ҷумла он, ки одамон ва ҳайвонҳо метавонанд ҳиссиёти гуногун  дошта бошанд. Бо хондан ё нақл кардани ҳикоя, Шумо метавонед ба фарзандатон кӯмак кунед, ки эҳсосотро пай барад ва кӯшиш кунед, ки ин эҳсосотро ӯ мустақилона баён кунад: "Сагбача ғамгин аст, зеро модарашро ёфта наметавонад." (чеҳраи ғамангез нишон диҳед) "Сагбача чӣ гуна метобад? Оё ту чеҳраи ғамангез нишон дода метавонӣ?” ё “Ман ҳайронам, ки баъд чӣ мешавад? Биё саҳифаро варақ занем ва бубинем. Ваа, духтарак хеле ба ҳаяҷон омадааст – ӯ зодрӯз доштааст. Оё ту метавони мисли ӯ хушҳол боши?" Шумо метавонед бо истифода аз ҳикояҳо бо фарзанди худ эҳсосоти зиёдеро таҳқиқ намоед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Инкишофи эҳсосотии фарзандатон дар худ баён кардан ва фаҳмидани намудҳои гуногуни ҳиссиётро дар бар мегирад. Хондани афсонаҳо ва ҳикояҳо метавонад ба он мусоидат кунад. Ҳамзамон, хониши ҳаррӯза нутқи кӯдак ва саводи барвақтии ӯро инкишоф медиҳад, ки барои таҳсили бомуваффақият дар мактаб хеле муҳим аст.