Хобҳои даҳшатовар

Хобҳои даҳшатовар - хобҳои бад мебошанд, ки боиси бедории ногаҳонӣ мегарданд, кӯдаконро метарсонанд ва нороҳат мекунанд. Кӯшиш кунед, ки ором бошед, агар фарзанди Шумо хоби даҳшатовар бинад. Ҳузур ва ботамкинии Шумо ӯро бовар мекунонад, ки ҳама чиз хуб аст. Агар фарзанди Шумо хобҳои даҳшатнок бинад, фикр кунед, ки ӯ дар давоми рӯз чӣ кор мекунад, ки метавонад боиси хобҳои даҳшатнок шавад. Шояд кӯдак аз тамошои видеоҳо ё мультфильмҳои даҳшатовар сӯиистифода кунад, ё чизе метавонад дар хабарҳо ӯро тарсонад. Хобҳои даҳшатнок метавонанд аз стресс ва осеб ба вуҷуд оянд. Агар Шумо аз ҳолати кӯдаки худ нигарон бошед, ба мутахассис муроҷиат кунед.
Body

Хобҳои даҳшатнок дар кӯдакон чист?

Хобҳои даҳшатнок - хобҳои бад мебошанд, ки боиси бедории ногаҳонӣ мешаванд, ки кӯдаконро метарсонанд ва нороҳат мекунанд.

Ин муқаррарӣ ҳисобида мешавад, агар кӯдакон хобҳои даҳшатнок бинанд дар шакли:

  • хатари воқеӣ - сагҳои хашмгин, наҳангҳо, тортанакҳо ва ғ.;
  • тарсҳои хаёлӣ ва афсонавӣ – махлуқи бадҳайбат, қаҳрамонҳои афсонаҳо ва мультфильмҳо;
  • ҳодисаҳои ташвишоваре, ки онҳо дидаанд ё аз сар гузаронидаанд (масалан, тағирот дар ҳаёти онҳо аз сабаби пандемия).

Кӯдакон вобаста ба сатҳи инкишофи нутқи худ метавонанд ба Шумо дар бораи хобҳои бади худ муфассал нақл кунанд.

Одатан, хобҳои даҳшатнок дар нимаи дуюми шаб вақте рӯй медиҳанд, ки фарзанди Шумо сабук хоб мекунад ва хоб мебинад. Ба баъзе кӯдакон пас аз хоби даҳшатнок баргашта хоб  рафтан душвор буда метавонад.

Тавсияҳо барои ба эътидол овардани хоб (мубориза бо хобҳои даҳшатнок)

Кӯдакон аксар вақт пас аз хоби даҳшатбор бо ашк бедор мешаванд, метарсанд ва хеле ғамгин мешаванд. Кӯдакро ором кардан лозим аст. Вақте ки кӯдак калон мешавад, ӯ чи будани хобро беҳтар мефаҳмад.

Инҳоянд чанд идеяҳое, ки ба Шумо дар мубориза бо хобҳои даҳшатнок ё хобҳои бади фарзандатон кӯмак мекунанд:

  • Агар фарзанди Шумо бо сабаби хоби даҳшатнок ё дар вақти хоб бедор шавад, фаҳмонед, ки ин танҳо хоби бад буд. Ба кӯдак итминон диҳед, ки ҳама чиз хуб аст ва ӯ бехатар аст. Бӯсаҳо ва оғӯшҳои Шумо метавонанд ба ором кардани кӯдакатон кӯмак кунанд.
  • Ба фарзандатон гӯед, ки аз хоби даҳшатнок тарсидан муқаррарӣ аст. Кӯшиш кунед, ки тарси кӯдакро нодида нагиред, нагӯед, ки кӯдак беақл рафтор мекунад, зеро хобҳои даҳшатнок барои кӯдакон хеле воқеӣ ба назар мерасанд.
  • Агар кӯдаки синни томактабии Шумо дар бораи махлуқи бадҳайбат хоб бинад, фаҳмонед, ки онҳо танҳо як хаёланд. Метавон гуфт, ки қаҳрамонҳои афсонавӣ метавонанд тарсонанд, аммо онҳо наметавонанд ба кӯдак зарар расонанд.
  • Сабр кунед, агар кӯдакатон то рӯзи дигар дар бораи хоби даҳшатнок ба Шумо нагӯяд. Ба изтироби ӯ гӯш диҳед - онро нодида нагиред ё кам кунед. Дар бораи хоби бад оромона сӯҳбат кардан метавонад қувваи эҳсосии онро паст кунад. Агар ба назари Шумо чунин намояд, ки кӯдак хоби даҳшатоварро фаромӯш карда бошад, беҳтараш ин мавзӯъро матраҳ накунед.
  • Вақте ки кӯдаки Шумо ба воя мерасад, Шумо метавонед якҷоя стратегияҳоеро таҳия кунед, то ӯ мустақилона бо хобҳои даҳшатовараш мубориза барад. Фарзандатонро таъриф кунед: "Ба ту пас аз хоби шаби гузашта ман лозим нашудам. Ту худат хуб аз ӯҳда баромади.”

Стратегияҳои зеринро санҷед, агар фарзанди Шумо доимо хобҳои даҳшатнок ё хобҳои васвосӣ дошта бошад (хобҳои якхела мебинад):

  • Аз ӯ дар бораи муомила бо кӯдакони дигар ва дар бораи корҳое, ки дар давоми рӯз мекунад, пурсед - тамошои каналҳои YouTube, бозиҳои компютерӣ ё дигар фаъолиятҳо. Кам кардани эҳсосоти осебпазир ё эмотсионалӣ метавонад ба фарзанди Шумо кӯмак кунад, ки аз хобҳои даҳшатнок халос шавад ё раҳо ёбад. Масалан, агар фарзанди Шумо "Монстр"-ро тамошо мекард ва дар бораи махлуқҳои бадҳайбат хобҳои даҳшатнокро дидан гирифт, шояд хуб бошад, ки ҳадди аққал як муддат ин намоишро тамошо накунад.
  • Бо фарзанди худ дар сатҳи фаҳмиши ӯ дар бораи ҳодисаҳои осебпазире, ки дар хабарҳо ё ҳаёти ӯ нишон дода шудаанд, сӯҳбат кунед. Кӯдаки Шумо ин ҳодисаҳоро чӣ гуна мефаҳмад ва чӣ ӯро ба ташвиш меорад?
  • Ба фарзандатон барои тағир додани хобҳои такроршаванда кӯмак кунед. Масалан, агар як махлуқи даҳшатнок аксар вақт дар хоб ҳузур дошта бошад, пешниҳод кунед, ки кӯдак як фонусчаи кисагӣ (фонарик), ки онҳоро аз байн мебарад, ба зери болишт гузорад. Кӯдаки худро ташвиқ кунед, ки стратегияҳоеро таҳия кунад, то дар хоби даҳшатнок ӯ қаҳрамон бошад. Вай метавонад дар давоми рӯз ақидаҳои гуногунро андеша кунад.
  • Боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдаки Шумо хоби кофӣ мегирад.
  • Агар фарзанди Шумо ба изтироб ё стресс моил бошад, фикр кунед, ки чӣ тавр Шумо метавонед ӯро пеш аз хоб бароҳат кунед.

Гирифтани кӯмак

Агар фарзанди Шумо мунтазам хобҳои даҳшатбор бинад ва рӯзона хеле дар изтироб бошад, Шумо метавонед ба кӯмаки мутахассис муроҷиат кунед.

Инчунин, ба машварат муроҷиат кунед, агар фарзанди Шумо пас аз ягон ҳодисаи мудҳиш, ба монанди офати табиӣ, масалан тӯфон ё садамаи автомобилӣ хобҳои даҳшатнок бинад.

Чӣ боиси хобҳои даҳшатнок мегардад?

Дидани хобҳои даҳшатнок баъзан муқаррарӣ аст. Агар фарзанди Шумо баъзан хобҳои даҳшатнок дошта бошад, ин маънои онро надорад, ки дар соҳаи эмотсионалии ӯ ягон мушкилот аст.

Кӯдаконе, ки тасаввуроти аз ҳад зиёд доранд, метавонанд дар муқоиса бо дигарон бештар хобҳои даҳшатовар дошта бошанд. Кӯшиш кунед, ки дар бораи ин хавотир нашавед.

Бо вуҷуди ин, агар фарзанди Шумо доимо хобҳои даҳшатнок дошта бошад ё дар давоми шаб зуд-зуд бедор шавад, ӯ як навъ стрессро аз сар мегузаронад.

Ҳодисаҳои осебпазир инчунин метавонанд хобро халалдор кунанд ва хобҳои даҳшатоварро ба вуҷуд оранд. Агар кӯдак ягон ҳодисаи осебпазирро аз сар гузаронад, ӯ метавонад дар тӯли якчанд ҳафта ё ҳатто моҳҳо дар бораи ин мавзӯъ хобҳои даҳшатовар дошта бошад.