Хондани сурудҳои бачагона

Маводҳои зарурӣ: Лозим нест

Шумо якҷоячӣ кор карда метавонед: Ба фарзандатон суруди кӯдакона хонед, масалан “Олуча гули бодом, ман духтараки додом». Сурудро чапак зада ва ба якдигар табассум намуда такрор намоед.

Бисёр сурудҳои аҷиби бачагонае ҳастанд, Шумо метавонед онҳоро дар якҷоя хонед (масалан, “Лоло лола ҳай лола...”, “Олуча гули бодом...”). Вақте ки кӯдакони хурдсол ба гап задан шурӯъ мекунанд, ҳангоми сурудро шинохтанд, метавонанд хати худро ба он ворид кунанд.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолият барои инкишофи нутқ ва шунавоии кӯдакони хурдсол хеле мувфиқ аст. Сурудҳои оддӣ ба кӯдакон дар талаффузи калимаҳо тавассути инкишоф додани огоҳии фонематикӣ тавассути такрори гурӯҳҳои мураккаби садо кӯмак мекунанд. Ин машғулият инчунин кӯдаконро ба шунавандагони хуб шудан даъват мекунад, зеро сурудҳо аксар вақт маънои ҳикоятӣ доранд, ки кӯдакон бояд гӯш кунанд, то ин ки ҳамаи ҳикояро фаҳманд! Таълими фарзандатон дар сароидани суруд ҳангоми омадани қисмати худ барои инкишофи малакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили риояи навбат ва гӯш кардан хело мувофиқ аст.