Хотираи расмӣ
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ручка ё қалам ва қоғаз.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ҳама бозингарон даҳ ашёҳоеро, ки мебинанд, интихоб кунанд ва кӯшиш кунанд, ки онҳоро дар хотир нигоҳ доранд.
Бозингарон баъд аз оне, ки аз ашёҳои мавриди назарашон рӯй гардонданд, бояд кӯшиш кунанд, ки ҳамаи даҳ ашёро дар як варақ сабт кунанд. Баъдан онҳо ба ашёҳо нигоҳ карда холҳои худро ҳисоб мекунанд – ба ҳар як ашё як хол дода мешавад.
Даҳ ашёро дар хотир нигоҳ дошта наметавонед? Бозиро ба як амали гурӯҳӣ табдил дода кӯдаконро бигзоред, ки даҳ ашёи дар хотир нигоҳ доштаашонро ба хотир оварда муҳокима намоянд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият – усули олии рушди хотираи кӯдаконатон мебошад! Кӯдакон бояд мушоҳидакории худро истифода баранд, то даҳ ашёи муҳити атрофро ба хотир гиранд ва сипас онҳоро надида ба ёд оранд.