Ҳубобҳои собунӣ

Маводҳои зарурӣ: Кӯрпа, ҳубобҳои собунӣ. Шумо инчунин метавонед дар хона бо истифода аз об, собуни дастӣ, маводи шустушӯй ё моеъи зарфшӯӣ ҳубобчаҳо тайёр кунед; Ба шумо сим ё тасма ва контейнери чуқур лозим мешавад.

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Барои иҷрои ин машғулият, аввал Шумо бояд ҳубобҳои собуниро тайёр кунед. Агар Шумо дар хона ҳубобҳои собунӣ надошта бошед, метавонед онҳоро худатон созед. Барои ин як пиёла обро бо ним пиёла собун ё маҳлули шустушӯӣ дар косаи чуқур омехта кунед. Аз сим ё тасма ҳалқа созед ва тавассути он ҳубобҳоро тайёр кунед.

Акнун метавонед машғулиятро оғоз кунед. Кӯдаки худро ба пушт ба рӯи ҷои нарм, ба монанди гаҳвора ё кат гузоред. Ҳоло бошад, бо хурдсолатон сӯҳбат кунед, то диққати ӯро ҷалб кунед. Вақте, ки Шумо ин корро кардед, метавонед ба ҳубобҳо аз боло пуф карда ҳаво диҳед. Ҳамеша кӯшиш кунед, ки диққати кӯдаки худро ба ҳубобчаҳо ҷалб кунед. Оҳиста-оҳиста, ӯ ба дидани баъзеи онҳо шурӯъ мекунад ва ҳангоми афтидани онҳо нигоҳашро пайгирӣ мекунад.

Ба кӯдаки Шумо тамошои ҳубобҳо маъқул мешавад. Шумо метавонед шеъри зеринро хонед ва ҳангоми машғулият ба он каме ҳаракатҳо илова кунед:

Чӯбро пур карда

Каме пуф кунед

Афзоиши ҳубобҳоро

Акнун хоҳед дид

Кӯдаки шумо чиро меомӯзад: Барои кӯдаки Шумо мушоҳида кардани ашёҳои ҳаракаткунанда гуворо ва ҷолиб хоҳад буд. Ин боиси бедор ва ҳавасманд кардани кунҷковӣ ва шавқу завқи ӯ барои таҳқиқи муҳити атроф мегардад.