Хунравӣ аз бинӣ
Хунравӣ аз бинӣ дар кӯдакон
Хунравӣ аз бинӣ дар кӯдакон ҳодисаи маъмул аст. Дар баъзе кӯдакон он хеле зуд-зуд рух медиҳад.
Дар кӯдакон хунравӣ аз бинӣ рӯй дода метавонад, агар:
- бинии худро кобанд;
- бинии худро сахт ба ҷое зананд ё бинии худро хеле сахт афшонанд;
- ашёҳои бегонаро ба бинии худ гузоранд;
- онҳо аллергия доранд;
- онҳо дар бинӣ, гулӯ ё ҷавфҳо (пазуха) сироят доранд;
- онҳо доруҳоро нодуруст истифода баранд, аз қабили спрейҳо барои бинӣ.
Сабабҳои камшумори хунравӣ аз бинӣ, ихтилоли лахташавии хун, ихтилоли рагҳои хунгард ва дигар бемориҳои кӯдакро дар бар мегиранд.
Ҳангоми хунравӣ аз бинӣ дар хотир доштан муфид аст, ки гарчанде ба назар чунин менамояд, ки хуни зиёд меравад, аммо дар ҳақиқат хунравӣ он қадар зиёд нест.
Оё ҳангоми хунравӣ аз бинӣ кӯдакро ба табиби оилавӣ/педиатр бурдан лозим аст?
Шумо бояд фарзанди худро ба табиби оилавӣ/педиатр баред, агар:
- хунравӣ баъди 20 дақиқа қатъ нагардад;
- фарзанди шумо низ худро бад ҳис мекунад, рангпарида ё дар баданаш доғҳои кабуд дорад;
- фарзанди шумо аз ду сола хурд буда, аз бинииаш хун равад;
- фарзанди шумо мунтазам хунравӣ аз бинӣ дорад.
Муолиҷаи хунравӣ аз бинӣ
Муҳимтарин коре, ки ҳангоми хунравӣ аз бинӣ бояд анҷом дод, ором будан аст. Ин ба фарзанди шумо кӯмак мекунад, ки агар аз дидан ва таъми хун тарсад, ором шавад. Гиря хунравӣ аз биниро бештар мекунад.
Қадами навбатӣ ин аст, ки сӯрохиҳои биниро (қисми нарми бинӣ) бо ангушти ишоратӣ ва нарангушт аз паҳлӯҳо сахт пахш кунед.
Дар давоми 10 дақиқа доштани сӯрохиҳои биниро идома диҳед, ҳангоме ки кӯдаки шумо рост менишинад ва сарашро наҷунбонида каме пеш хам карда нигоҳ медорад. Кӯдакро нахобонед ва сарашро ба ақиб хам накунед. 10 дақиқаи пурра интизор шавед. Қатъ шудани хунравиро тафтиш накунед. Агар хунравӣ аз бинии фарзанди шумо пас аз 10 дақиқаи доштани он давом диҳад, ин амалро боз 10 дақиқаи дигар такрор кунед.
Агар хунравӣ қатъ шавад
Кӯдакро назорат кунед, то ин ки дар давоми тақрибан 24 соат бинӣ накобад ва бинӣ наафшонад. Ин барои шах шудани лахтаи хун дар бинӣ кӯмак мерасонад.
Ҳангоми хунравӣ аз бинӣ ё баъд аз он фарзанди шумо қай карданаш мумкин аст, агар ӯ каме хун фурӯ бурда бошад. Ин ҳодисаи хеле маъмул аст ва фарзанди шумо бояд хунро туф кунад.
Агар хунравӣ қатъ нашавад
Агар шумо хунравиро бо истифода аз тартиби дар боло зикршуда дар давоми 20 дақиқа боздошта натавонед, фавран ба духтури оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед ё ӯро ба беморхона баред. Духтур барои боздоштани хунравӣ ба бинии кӯдаки шумо метавонад малҳам ё марҳам молад.
Пахтабандии бинӣ
Ин як табобати маъмул барои хунравӣ аз бинӣ аст. Духтур ба бинии фарзанди шумо тампончаи махсус мегузорад. Агар тампон ҳал нашавад, шумо бояд фарзандатонро пас аз 24 - 48 соат боз ба духтур баред, то тампонро хориҷ кунад.
Сӯзонидан
Ин як намуди дигари маъмули табобат барои хунравӣ аз бинӣ мебошад. Духтур доруи махсуси кимиёвиро истифода мебарад, ки хунравиро бозмедорад ва раги хунро "ях” мекунонад. Ҳангоми сӯзонидан табибон одатан доруҳои беҳискунандаро (анестетик) истифода мебаранд.
Дар ҳолатҳои хеле кам кӯдакро ба муоинаи духтури гӯшу бинӣ (отоларинголог) ва барои табобат ба беморхона бурдан лозим меояд.
Пас аз хунравӣ аз бинӣ
Пас аз хунравӣ аз бинӣ:
- Дар давоми 24 соати минбаъда фарзандатонро ором нигоҳ доред.
- Ба фарзандатон иҷозат надиҳед, ки дар оби гарм оббозӣ кунад.
- Боварӣ ҳосил кунед, ки фарзандатон биниашро намекобад ва намеафшонад.
Духтур метавонад тавсия диҳад, ки фарзанди шумо спрейи шӯр ё малҳам барои бинӣ бо мақсади бартараф кардании хушкӣ истифода барад ва инчунин марҳаме, ки ба болои бинии кӯдак молидан лозим аст.