Хунукшавии аз ҳад зиёд
Хунукшавии аз ҳад зиёд (гипотермия) – як ҳолати хатарнокест, ки ҳангоми паст шудани ҳарорати бадан аз 35 ° C рух медиҳад. Сабабҳои маъмултарине, ки метавонанд ба гипотермия оварда расонанд, инҳоянд: арақи шадид дар ҳавои сард, шароити обу ҳаво бо ҳарорати паст, намӣ ва шамол, дар об будан (махсусан агар ҳарорати об аз 10 ° C пасттар бошад), хушкшавии оби бадан ва як қатор дигарон.
Body
Пешгирии гипотермия
Кӯдаки худро ба шароити шадиди обу ҳаво, аз қабили тӯфони барфӣ дучор накунед ва агар Шумо ҳангоми бад шудани ҳаво дар берун бошед, фавран кӯдаки худро ба дохили хона гиред!
Ин дастурҳоро риоя кунед:
- Кулоҳҳо ва либосҳо бояд аз матои бофташ зич (ба мисли пашм) сохта шаванд, ки гармиро таъмин намуда, намиро аз пӯст ба берун дур мекунанд. Аз либосҳои пахтагӣ худдорӣ кунед, зеро он обро ба худ мегирад ва намӣ мемонад.
- Қисмҳои ҳассоси баданро (рӯй, дастҳо, пойҳо) аз сармо муҳофизат кунед.
- Либос бояд қабат-қабат бошад, ки вобаста ба обу ҳаво ва фаъолияти ҷисмонии кӯдак онро пӯшидан ё кашидан мумкин аст.
- Агар либос тар шавад, фавран либоси кӯдакро ба либоси хушк иваз кунед.
- Ба фарзандатон нӯшокиҳои гарм ва калориянок (масалан, шоколади гарм) диҳед. Агар ин нӯшокиҳо дастрас набошанд, ба ӯ оби гарм диҳед, то ки аз хушкшавии оби бадан нигоҳ дорад.
- Кӯдакро муддати дароз дар сармо нагузоред, то ин ки хунук нахӯрад.
- Агар кӯдак ба ларза сар кунад, бозии фаъолро пешниҳод кунед, кӯдакро гарм нигоҳ доред, манбаи гармӣ пайдо кунед ё кӯдакро аз сармо баред.
Ҳангоми дар наздикии оби хунук будан (дарёҳо, кӯлҳо, баҳр) эҳтиёт бошед ва ҳамеша барои фарзандатон камзӯлчаи наҷотбахши мувофиқ пӯшонед.