Хӯрокпазӣ барои тамоми оила
Ба шумо чӣ лозим аст: Ҳар чизе, ки Шумо одатан аз маҳсулотҳои оддӣ барои омода намудани хӯроки муқаррарӣ барои тамоми оила истифода мебаред; зарфҳои оддӣ, ки кӯдак метавонад мустақилона истифода барад (косаи хурд ва қошуқ, корди пластикӣ ва ғайра).
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол, ба бисёр кӯдакон кӯмак намудан маъқул аст - онҳо махсусан ба пухтупаз таваҷҷӯҳ доранд. Вақте ки Шумо якҷоя хӯрок мепазед, он инчунин ба рушди малакаҳои нутқи фарзандатон мусоидат мекунад! Вақте ки Шумо якҷоя коре мекунед, дар бораи амалҳои худ сӯҳбат кунед. Таркибҳои нисбатан мурракабро нисбат ба ҳолатҳои дигар, истифода бурдан мумкин аст. Масалан, Шумо гуфта метавонед: “Ҳоло ба ман як қошуқи дигар лозим аст. Метавони ба ман дигарашро ёби, на инашро? Ваҳ, хеле хуб ана инаш калонтар аст! Акнун хамири тортро ба қолаб мегузорем. Ба мо қолаби калон лозим аст. Ин қолабҳоро мебинӣ? Аз ҳама калонашро ёфта метавонӣ?”. Танҳо Шумо медонед, ки бо кӯдаки худ бо кадом забон сӯҳбат кунед. Ин бояд шавқовар бошад, на ин ки имтиҳони малакаҳои забонӣ - аз ин имконият истифода баред, то ин ки калимаҳои навро ҳангоми иҷрои коре, ки ба фарзандатон маъқул аст, истифода баред.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин намуди машғулият ҳангоми муоширати зиёд ва машғул шудан бо корҳои ҷолиб, ба рушди захираи луғавӣ ва икишофи умумии нутқи фарзандатон мусоидат мекунад. Фарзанди Шумо калимаҳо ва ибораҳои нисбатан мушкилро беҳтар мефаҳмад ва оҳиста-оҳиста онро худаш истифода мебарад. Ҳатман тамошою хондани китобҳо ва нақл кардани ҳикояҳоро идома диҳед. Сӯҳбат бо кӯдак дар ин синну сол низ як роҳи муҳими мусоидат ба рушди малакаҳои нутқ ва муошират мебошад.