Хушбахтона, мутаассифона
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Интихоб кунед, ки кадом бозингар нақл карданро оғоз мекунад - он бояд як ҷумла дар бораи чизи дилхоҳ бошад. Масалан: "Гурӯҳи роҳзанон бо киштии худ, ба ҷазира барои ҷустуҷӯи ганҷ равона шуданд."
Бозингари дуюм мегӯяд; "Мутаассифона..." ва нақлашро идома дода дар бораи чӣ гуна иштибоҳ ҷой доштан суханбофӣ мекунад, аз ҷумла "...ба онҳо махлуқи баҳрӣ ҳамла кард."
Бозингари навбатӣ мегӯяд; "Хушбахтона..." ва баъдан дар бораи чизе, ки барои пешгирӣ кардани мушкилот кӯмак кард, сухан меронад. Масалан: «... як мушаке, ки дар анбор зиндагӣ мекард, бо думаш махлуқи баҳриро сила намудан гирифт ва роҳзанҳо тавонистаанд фирор кунанд».
Шубҳае нест, ки ҳикоя торафт аҷибтар мешавад ва боиси хандаи зиёд хоҳад шуд!
То он даме, ки ҳикоя ба таври мантиқӣ хотима наёбад ё то он даме, ки кӯдак хоҳиши шунидани ҳикояи навро накунад, бозӣ карданро давом диҳед.
Аз кӯдакон пурсед, ки оё ба онҳо давом додани бозии "Хушбахтона..." ё "Мутаассифона..." ё дар бораи ҳардуи он суханбофӣ кардан маъқул аст? Шумо метавонед кӯшиши бозӣ ташкил карданро кунед, то онҳо маҳз бештар дар бораи категорияҳои ба онҳо писанд буда, суханбофӣ намоянд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин ҳикояи эҷодӣ тасаввуроти кӯдаконро ба ангезиш оварда, инчунин захираи луғавии онҳоро ғанӣ мегардонад. Ин бозиро дар ҳама ҷо гузаронидан мумкин аст ва ба қадри имкон Шумо метавонед кам ё зиёд намоед – ин варианти идеалӣ барои рӯзҳои боронӣ ё сафарҳои дурудароз мебошад.