Китоб "Дар бораи ман"

Маводи зарурӣ: Қоғаз (оддӣ ё ранга), қалам ё гач, маркерҳо, скотҷ ё степлер; Дар саҳифаи аввали китоб навиштаҷоти "Китоб дар бораи ман" аллакай навишта шудааст. Кортҳо ё варақҳои қоғаз ки дар онҳо ному насаб, синну сол ва суроғаи хонаи фарзанди Шумо бо ҳарфҳои калон дарҷ шудааст,  (то ки кӯдак кӯшиш кунад, онҳоро дубора кашад). Ҳар чизе, ки барои ороиши "Китоби ман" муфид аст, лозим меояд, масалан, стикерҳо, расмҳои фарзанди шумо ва ғ.

Фаъолият аз чи иборат аст: Фарзанди худро барои таҳияи китоб дар бораи ӯ даъват кунед! Саҳифаи аввалро "Номи ман" ном гузоред - ба фарзандатон кумак кунед, ки ном ва насаби худро аз нав кашад ва ё ки нависад. Фарзанди шумо метавонад дар ин саҳифа чеҳраи худашро кашад ё акси тайёрро часпонад. Саҳифаи навбатӣ метавонад "Суроғаи ман" бошад. Ба кӯдакатон кӯмак расонед, ки суроғаи худро дар саҳифа нависад, ё ки худатон нависед ва бигзор кӯдакатон макони зисташро кашад.

Ба он чизе, ки кӯдаки Шумо таваҷҷӯҳ дорад ва ба ӯ шавқовар ас, диққат диҳед - шумо метавонед саҳифаҳои "Хайвони хонагии ман" (агар бошад), "Хӯроки дӯстдоштаи ман", "Бародари ман" ва ғ. илова кунед. Ҳама чизро ҳамроҳ иҷро намоед, то ки  кӯдак  хоҳиши навиштани калимаҳо ва ё ки аз нав кашидани онҳо,  ва кашидани тасвирҳои худро дошта бошад.

Дар охир, ҳамаи саҳифаҳоро бо скотч ва ё степлер часпонед. Ин китобро ба дигар аъзоёни оила хонед! Китобро ба ҷои дур набаред, бигзор кӯдак дар куҷо будани онро донад, ва гирифта онро такрор ба такрор хонад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Барои кӯдак донистани ном ва суроғаи худ хеле муҳим аст. Ин масъалаи бехатарӣ дар сурати гум шудани ӯ мебошад. Ин дониш ва маълумот инчунин дар кӯдак ҳисси шахсият ва дарк намудани ҷои худро дар оила ва ҷомеа ташаккул медиҳад. Ин фаъолият инчунин барои ҳавасманд кардани омӯзиш ва такрори ҳарфу калимаҳо ва  аҳамияти хондан ва навиштан дар ҳаёти ҳаррӯза муҳим аст.