Қофияҳо

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Барои анҷом додани ин машғулият, ба Шумо танҳо лозим аст, ки кӯдаки худро дар тахтапушт ба рӯи сатҳи мулоим, ба мисли катча ё кати худ гузоред. Ин машғулиятро ҳангоми иваз кардани уребча анҷом додан мумкин аст, то он шавқовар шавад.

Кӯдакон пас аз таваллуд танҳо масофаи 20-30 сантиметрро мебинанд, аз ин рӯ ҳама корро дар ҳамин масофа аз рӯи кӯдак анҷом диҳед. Диққати ӯро бо суханони мулоим ба худ ҷалб кунед. Вақте ки диққати кӯдак ба Шумо ҷалб мешавад, ба ӯ қофияи оддӣ хонед. Шумо метавонед ҳама қофияҳоеро, ки Шумо медонед хонед ва онҳоро иваз кунед, масалан, ҳар рӯз ё ҳангоми иваз кардани уребча.

Мисол:

Яку дуву севу чор,

Саф бастему мо тайёр.

Хонем тарона ҷӯра,

Мо дӯсти физкультура.

Мо чолоку чаққонем,

Сӯи боғча равонем,

Аз варзиши пагоҳӣ,

Ҳаргиз ақиб намонем!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулияти манфиатовар ба фарзанди Шумо барои фахмидани аз куҷо садо додани овоз, ба суи он гардонидани сар ва аксуамал нишон додан ба овози шахси дигар кӯмак мекунад.