Кӯдак - велосипедрон
Ба фарзандатон велосипедрониро ёд диҳед
Омӯзиши велосипедронӣ бояд ба хоҳиш ва малакаҳои мотории кӯдак мутобиқ карда шавад.
Велосипеди кӯдак бояд дар ҳолати дуруст бошад, то ин ки велосипедронӣ ба ҳадди имкон бехатар бошад. Барои ин якчанд шарту қоидаҳои ҳатмиро риоя кардан лозим аст:
1. Велосипед бояд ба синну сол ва қади кӯдак мувофиқ бошад.
2. Велосипеди кӯдаконаро мунтазам тафтиш кунед, агар лозим бошад, дар устохонаи махсус.
3. Пеш аз сафар чизҳои зеринро тафтиш кунед:
- коршоямии тормоз ва сигнал,
- дурустӣ ва дам шудани чархҳо (шинаҳо),
- мавҷуд будани рефлекторҳо, чароғҳои пеш ва ақиб барои рондани шабона.
4. Кӯдак бояд воситаҳои муҳофизатӣ ва кулоҳи велосипедронии андозаи мувофиқ истифода барад.
5. Кӯдак бояд танҳо дар ҷои бехатар велосипед ронад, масалан дар майдончаҳои бозӣ дар синни хурдсолӣ ва ё дар роҳҳои велосипедронӣ дар синни калонтар.
6. Ба кӯдаки то 12 сола велосипедронӣ дар роҳҳои мошингард ва роҳҳои велосипедронии истифодаи умум манъ аст.
7. Велосипедсавори аз 18 сола боло метавонад кӯдаки то ҳаштсоларо бо велосипед кашонад, агар дар он курсии махсус насб ва мустаҳкам шуда бошад, ки ба кади кӯдак мувофик аст.