Кӯдаки нав дар оилаи омехта

Ҳангоми шунидани он ки дар оила кӯдаки навзод пайдо мешавад, ғамгин шудани кӯдакон муқаррарӣ аст. Бо кӯдакони калонӣ дар бораи навзод ҳарчи зудтар сӯҳбат кунед ва онҳоро ба нақшагирӣ ва омодагӣ ҷалб кунед. Кӯшиш кунед, ки тарзи ҳаёти одатии кӯдаконро нигоҳ доред, махсусан дар моҳҳои аввал. Оҳиста-оҳиста реҷаи нави рӯзро ҷорӣ кунед. Вақте ки кӯдаки нав таваллуд мешавад, усулҳоеро ҷустуҷӯ кунед, ки ҳамаи кӯдакон худро махсус ҳис кунанд.
Body
Банақшагирии кӯдак дар оилаи омехта

Оилаи омехта – ин оилаест, ки зану шавҳар фарзандони муштарак ва фарзандони худро аз издивоҷи қаблӣ доранд.

Агар шумо оилаи омехта дошта бошед ва хоҳед, ки фарзанддор шавед, шумо метавонед дигар кӯдаконро пешакӣ бо нақшаҳои худ шинос кунед. Инро чунин ифода кардан мумкин аст: "Мумкин мо боз кӯдакдор шавем".

Вақте ки шумо кӯдаки навзодро интизоред: кӯдакони дигар чиро ҳис мекунанд?

Дар оилаи омехта кӯдаки нав дар мавқеи беназир қарор дорад: ӯ ягона шахсест, ки бо ҳамаи аъзоёни дигари оила робитаи биологӣ дорад.

Кӯдакон ҳангоми шунидани хабари таваллуди тифл метавонанд шод шаванд, аммо онҳо инчунин метавонанд хафа шаванд, хавотир шаванд ё ранҷ баранд. Ин барои ҳар як оила муқаррарӣ аст, аммо дар оилаи омехта ҳамаи инро шадидтар эҳсос кардан мумкин аст.

Баъзан кӯдакони оилаи омехта метавонанд эҳсос кунанд, ки аз барои кӯдаки нав ба онҳо хатар таҳдид мекунад, зеро:

  • ҳама дар бораи ҳомиладорӣ бисёр гап мезананд;
  • кӯдакон аз он нигаронанд, ки онҳо дигар барои волидони худ «тифлон» нахоҳанд буд ва ё  мақоми махсуси худро ҳамчун фарзанди ягона гум мекунанд;
  • аз он хавотиранд, ки бо волидон камтар вақт мегузаронанд;
  • дар бораи чизҳои амалӣ, ба монанди дар куҷо хобидани кӯдак дар ташвишанд;
  • кӯдаки нав – фарзанди муштараки шумост ва кӯдакони калонӣ дар ин ҳолат худро нороҳат ҳис мекунанд.
Вақте ки шумо кӯдаки навзодро интизоред: шумо ва ҳамсаратон чӣ ҳис мекунед?

Эҳсосоти омехта доштан дар бораи кӯдаки таваллудмешуда – ташвиш, умед ва хавотирӣ дар бораи он, ки кӯдакони калонӣ чӣ гуна муносибат мекунанд, муқаррарӣ аст.

Шумо ва ҳамсаратон дар мавриди таваллуди кӯдак фикрҳои гуногун дошта метавонед, хусусан агар яке аз шумо бори аввал волидайн мешуда бошад. Агар ин фарзанди аввалини шумо бошад ва ҳамсаратон аллакай фарзанд дошта бошад, шумо шояд эҳсос кунед, ки ӯ ба хурсандии шумо шарик нест. Ин муқаррарӣ аст: ҳамаи ҳамсароне, ки интизори афзоиш дар оила ҳастанд, эҳсосоти гуногун ва марҳилаҳои гуногуни таҷрибаи худ доранд. Новобаста аз он ки шумо чиро ҳис мекунед, дар ин давра муҳим аст, ки якдигарро дастгирӣ кунед ва якҷоя қарор қабул кунед, ки кӯдакони калониро барои таваллуди кӯдак чӣ гуна омода созед.

Омода кардани кӯдакони калонтар ба таваллуди кӯдак навзод

Чӣ тавр ба кӯдакони калонӣ дар бораи ҳомиладорӣ маълумот додан аз шумо вобаста аст. Синну соли кӯдакон аҳамият дорад.

Бояд ба онҳо дар бораи таваллуди наздики кӯдак пешакӣ, ҳадди аққал 3-4 моҳ пеш аз ин ҳодиса хабар диҳед.

Бо кӯдакон дар бораи он чизе, ки онҳоро ба ташвиш меорад, бояд сӯҳбат кунед ва онҳоро таскин диҳед. Агар онҳо хафа шаванд ё хашмгин бошанд, онҳоро ба оғӯш кашед, рӯҳбаланд кунед ва ҷиҳатҳои мусбатро қайд кунед, масалан, бо бародару хоҳар онҳо бозӣ карда метавонанд. Ба онҳо гӯед, ки барои одат кардан ба ин хабар вақти кофӣ дар пеш аст.

Ба нақшагирӣ ва тайёрӣ ба таваллуди кӯдак ба дарачае, ки шавқу ҳавас доранд, ҷалб намудани кӯдакон муфид аст. Агар шумо тавонед давраи интизориро хурсандибахш ва ҷолиб созед, фарзанди шумо бо эҳтимоли зиёд эҳсос мекунад, ки тағирот барои ҳамаи аъзои оила дахл дорад, на танҳо дар таваллуди кӯдаки нав.

Барои он ки кӯдакон худро муҳим ҳис кунанд, шумо метавонед фикри онҳоро пурсед ё дар интихоби бозичаҳо кӯмак пурсед. Онҳо метавонанд ба пайгирии афзоиши кӯдак бо дидани расмҳои ултрасадо ё "гӯш кардан"-и ӯ дар шикам, шавқманд шаванд.

Ҳангоми анҷом додани ин омодагӣ бо фарзандони худ кӯшиш кунед, ки онро аз ҳад зиёд накунед. Агар шумо нақша доред, ки барои кӯдаки худ як минтақа ё ҳуҷраи алоҳида ҷудо кунед, муҳим аст, ки кӯдакони дигар низ ҷой ё ҳуҷраи худро дошта бошанд. Дар акси ҳол, шумо бояд шароити зиндагии кӯдаки нав ва кӯдакони калониро тақрибан якхела созед.

Пас аз таваллуди кӯдак: кӯмак ба кӯдакони калонтар барои мутобиқ шудан

Роҳҳои зиёде мавҷуданд, ки шумо ва ҳамсаратон метавонед ба кӯдакони калонӣ барои мутобиқ шудан ба таваллуди кӯдак кӯмак кунед. Инҳоянд баъзе идеяҳо:

  • Агар кӯдакон ба навзод рашк кунанд, кӯшиш кунед, ки эҳсосоти онҳоро қабул кунед ва аз онҳо хоҳиш кунед, ки бо кӯдак бодиққат ва боэҳтиёт муносибат кунанд.
  • Имкониятҳоеро пайдо кунед, то ба кӯдакони калонӣ арзиши онҳоро дар рӯзи таваллудашон ё дастовардҳояшон дар мактаб, нишон диҳед.
  • Боварӣ ҳосил кунед, ки реҷаи рӯзи кӯдакон, махсусан дар моҳҳои аввал доимӣ бошад. Агар реҷаи оилавиро тағир додан хоҳед, кӯшиш кунед, ки онро тадриҷан иҷро кунед.
  • Ба кӯдакон нишон диҳед, ки чӣ гуна бо кӯдак бехатар бозӣ кардан мумкин аст ва ба кӯдакони калонтар супоришҳои оддиро диҳед, ба монанди сайругашт бо кӯдак дар аробача дар боғ. Кӯдаки калониро барои кӯмакаш таъриф кунед, қайд кунед, ки ӯ бародар ё хоҳари олиҷаноб аст.
  • Хабари афзудани оиларо ба бибию бобо, дигар калонсолон, аз қабили муаллимон нақл кунед ва аз онҳо хоҳиш кунед, ки ба фарзандони калонии шумо, агар онҳо аз таваллуди кӯдак дар оила нигарон бошанд, бештар таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ кунанд.

Шояд дигар аъзоёни оила ба кӯдаки нав он гуна, ки шумо интизоред, муносибат накунанд, Масалан, бибию бобоҳое, ки бо набераҳои аввалини худ бисёр кӯмак мекарданд, метавонанд хавотир шаванд, ки синну сол ба онҳо имкон намедиҳад, ки набераҳои ояндаи худро нигоҳубин кунанд. Ба онҳо фаҳмонед, ки онҳо метавонанд аз рӯи имкон кӯмак расонанд.