Кӯдакистон: агар кӯдак мутобиқ шуда натавонад

Баъзе кӯдакон барои мутобиқ шудан ба кӯдакистон ба вақти бештар ё кӯмаки иловагӣ ниёз доранд. Ба мураббия дар бораи ҳиссиёт ва изтироби кӯдак дар бораи кӯдакистон нақл кунед. Ба фарзандатон кӯмак кунед, ки бо мураббия муносибати самимӣ пайдо кунад.
Body

Оиди мутобиқшавӣ дар кӯдакистон

Баъзе кӯдакон дар тӯли чанд рӯз ё ҳафта ба шароити нав дар кӯдакистон одат мекунанд. Дигарон ҳатто пас аз ин муддат асабонӣ мешаванд ва гиря мекунанд. Баъзе кӯдакон дар аввал кӯдакистонро ба таври муқаррарӣ қабул мекунанд, аммо баъд ба он ҷо рафтан намехоҳанд - ин аксар вақт дар ҳоле рух медиҳад, ки таъсири навоварӣ аз байн меравад.

Донистани он хуб аст, ки аксари кӯдакон пас аз рафтани волидонашон ба зудӣ аз гиря бозмеистанд. Ва дар аксари мавридҳо, кӯдакон дар ниҳоят мутобиқ мешаванд.

Тарси ҷудоӣ як ҷузъи муқаррарии рушди кӯдак аст. Мушкилот дар он аст, ки аксар вақт он дар вақти ба кӯдакистон ҷойгир кардани кӯдак пайдо мешавад. Ин ҳолат мегузарад ва мураббиён эҳтимолан дар бораи чӣ гуна дастгирӣ кардани кӯдак усулҳои зиёде доранд.

Мубодилаи маълумот: роҳи асосии кӯмак ба кӯдаконе мебошад, ки наметавонанд дар кӯдакистон мутобиқ шаванд

Мубодилаи маълумот бо мураббия барои кӯмак расонидан ба мутобиқшавии кӯдаки Шумо ба боғча хеле муҳим аст.

Метавонед бигӯед: "Амина ҳангоми хоб кӯрпа пӯшиданро дӯст намедорад". Ё дар бораи расму оинҳои хонагӣ сӯҳбат кунед, ба мисли суруде, ки ҳангоми иваз кардани уребча месароед.

Инчунин зарур аст, ки мураббияро дар бораи он, ки дар хонаи Шумо чи рӯй дода истодааст ва кӯдаки Шумо худро чӣ гуна ҳис мекунад, огоҳ созед. Масалан, ӯ метавонад бо сабаби рӯзи таваллудаш дар ҳаяҷон бошад, ё ғамгин бошад ва нағз хоб накунад аз сабаби рафтани модараш.

Сӯҳбат бо мураббия дар аввал ва охири ҳар рӯз ба Шумо имкон медиҳад, ки чи тавр мутобиқ шудани кӯдаки худро фаҳмед. Илова бар ин, бо ин роҳ Шумо метавонед бо мураббиён муносибат барқарор кунед.

Шумо метавонед аз мураббиён бипурсед, ки оё ба онҳо дар давоми рӯз занг задан мумкин аст, то фаҳмед, ки фарзандатон чи ҳол дорад. Пас Шумо оромтар хоҳед буд. Чунин зангхо дар аксар кӯдакистон кабул карда мешаванд.

Муносибати кӯдакро бо мураббия барқарор намоед

Кӯдакон бо одамоне, ки нағз мешиносанд ва бовар мекунанд, худро бехатар ҳис мекунанд. Ҳамин тавр, яке аз беҳтарин корҳое, ки Шумо карда метавонед, ба фарзандатон кӯмак кардан аст, ки ба мураббияи худ боварӣ ҳосил намояд. Инҳоянд баъзе андешаҳо:

  • Ба фарзандатон нишон диҳед, ки Шумо ба мураббиён боварӣ доред, то ӯ бубинад, ки Шумо бо онҳо меҳрубонона сӯҳбат мекунед.
  • Бо фарзанди худ дар бораи мураббиён ҳамон тавре ки дар бораи дӯстони оилавӣ гап мезанед, сӯҳбат кунед. Суханҳои хуб гӯед ва мураббиёнро бо номашон гиред.
  • Аксҳои мураббиёнро дар хона нишон диҳед ва ба онҳо расми худро диҳед, то онҳо тавонанд бо фарзандатон дар бораи Шумо сӯҳбат кунанд. Шумо инчунин метавонед аксҳоро дар китоби ӯ ҷойгир кунед. Ин ба кӯдак кӯмак мекунад, ки робитаи байни хона ва кӯдакистонро барқарор кунад.

Ҳангоми хайрухуш чӣ гуфтан мумкин аст: маслиҳатҳо барои кӯдаконе, ки дар кӯдакистон бароҳат нестанд

Инҳоянд чанд андешаҳо дар бораи чӣ гуна бо фарзанди худ дар кӯдакистон хайрухуш кардан:

  • Эҳсосоти кӯдакро дарк кунед, барои ифодаи онҳо калимаҳо пешниҳод кунед, ӯро тасаллӣ диҳед. Масалан: «Ман медонам, ки ту ғамгин ҳастӣ. Ҷудо шудан душвор аст. Аммо Марям ба ту баргҳои зебо нишон медиҳад».
  • Муҳокима кунед, ки ҳангоми ба хона баргаштан ё вақте ки Шумо барои гирифтани ӯ меоед, якҷоя чӣ кор хоҳед кард, масалан бозӣ кардан ё хондани афсона.
  • Як маросими видоъ, ба мисли се бӯса ва оғӯши калон ё чизи дигаре, ки барои кӯдак муҳим аст, иҷро намоед.
  • Ба фарзандатон бигӯед, ки Шумо ё шахси калонсоли дигаре, ки ӯро медонад, дар вақти муайян ё баъд аз ягон чизе, ки кӯдак мефаҳмад, ба наздаш меоянд, масалан, пас аз хоб ё хӯроки нисфирӯзӣ.
  • Тез хайрухуш кунед. Баъзан агар Шумо барои ором кардани кӯдаки хафашуда истода бошед, вазъ метавонад бадтар шавад. Аммо беҳтараш боварӣ ҳосил кунед, ки мураббия дар наздикӣ аст ва ҳангоми рафтанатон кӯдакро тасаллӣ медиҳад.
  • Кӯшиш кунед, ки ҳам ҳангоми хайрухуш ва ҳам дар хона кайфияти нағз дошта бошед. Дар акси ҳол, кӯдак метавонад изтироби Шуморо фаҳмад ва тарсида худро бехатар ҳис накунад.

Ҳамеша ҳангоми рафтанатон хайрухуш кунед, ҳатто агар ба назаратон чунин намояд, ки кӯдак ба чизе дилгарм бошад ва хушнуд аст. Агар хайрухуш накунед, кӯдак асабонӣ шуда метавонад. Беҳтараш ба ӯ гӯед, ки меравед, аммо барои ӯ бармегардед.

Агар Шумо фаҳмед, ки фарзанди Шумо мутобиқат намекунад ва шароити кӯдакистон барои ӯ мувофиқ нест, вариантҳои дигареро омӯзед, ки шояд мувофиқтар бошанд.