Кӯдакро ба шикам мехобонем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин машқро аллакай дар рӯзҳои аввали баъди таваллуди кӯдак анҷом додан мумкин аст.

Кӯдаки худро бо шикам дар сари синаи худ тавре хобонед. Ҳангоме ки фарзандатон сарашро болои синаи шумо мегузорад, гоҳ-гоҳ мавқеи сарашро ба ҳар тараф иваз кунед, то сари ӯ дар як тараф дуру дароз нахобад. Вақте ки фарзандатон доштани сарашро ёд мегирад, Шумо метавонед ӯро ба рӯи фарш хобонед, то ин ки ӯ кӯшиш кунад, ки бо оринҷҳои худ такя карда сарашро боло кунад. Пайгири намоед, то ин ки фарзандатон дар чои бароҳат бо шикам ва дастонаш такя кунад. Шумо метавонед бозичаҳоро дар рӯи фарш дар атрофи кӯдак гузоред, то ӯ онҳоро бинад.

Дар аввал шояд ба фарзанди Шумо ин мавқеъ писанд наояд, аммо хангоми тадриҷан иҷро кардани ин машк, кудак метавонад дар ин мавкеъ муддати зиёдтар истад.

Вақт гузаронидан дар мавқеи хобидан ба шикамча пеш аз ҳама ба инкишофи ин малакаҳо мусоидат мекунад: 

  • Қобилияти нигоҳ доштани мувозинат ва ҳамоҳангсозии ҳаракатҳо;
  • Ҳамоҳангсозии ҳаракатҳои чашм ва даст;
  • Диққатнокӣ, боварӣ ба худ ва мустақилият.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки мушакҳои шикамро инкишоф диҳад ва он ба ӯ имкон медиҳад, ки нишинад, рост истад, роҳ равад, вазни худро танҳо бо пойҳояш нигоҳ дорад ва бо чашмонаш ашёҳоро пайгирӣ кунад.