Кӯҳмиҷа дар чашм

Кӯҳмиҷа дар чашм – як ҷои хурди, дардноки сахтшудаи рангаш сурх дар пояи мижгон дар пилки чашм аст. Тарбандии ширагарм ва масҳи нарм метавонанд барои холӣ кардани риму фасод аз кӯҳмиҷа кӯмак расонанд. Агар кӯҳмиҷа дар давоми чанд рӯз аз байн наравад, кӯдакро ба назди духтури оилавӣ/педиатр бурдан лозим аст. Кӯҳмиҷаи чашм гузаранда аст. Дастҳои худро мунтазам шӯед ва дастпоккуни алоҳида истифода баред, то паҳншавии сироятро пешгирӣ кунед.
Body
Кӯҳмиҷа дар чашм

Кӯҳмиҷа – ин сирояти фолликули мижа мебошад, ки метавонад аз бактерияи стафилоккок (Staphylococcus aureus) ба вуҷуд ояд.

Аломатҳои кӯҳмиҷа дар чашм

Кӯҳмиҷа дар пояи мижа, одатан дар пилки поёни чашм ҳамчун як варамчаи хурди сурх зоҳир мешавад. Он метавонад варами пилкро ба вуҷуд орад ва хеле дардовар бошад, боиси сурхшавии чашм ва ашкрезӣ гардад.

Дар аксари мавридҳо, кӯҳмиҷа дар давоми чанд рӯз аз байн меравад ва одатан ба чашм ё пилк ягон осеби доимӣ намерасонад.

Оё ҳангоми пайдо шудани кӯҳмиҷа дар чашми кӯдак ба табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат кардан лозим аст?

Кӯдакро ба табиби оилавӣ/педиатр нишон диҳед, агар кӯҳмиҷа дар давоми чанд рӯз пас аз саршавии табобат рафъ нашавад.

Табобати кӯҳмиҷа дар чашм

Духтур метавонад малҳамҳои антибиотикӣ ва баъзан ҳатто антибиотикҳоро барои истеъмоли даҳонӣ таъин кунад. Боварӣ ҳосил кунед, ки фарзанди Шумо (ва ҳама аъзоёни оила) дастҳои худро мунтазам мешӯянд, то паҳншавии сироятро пешгирӣ кунанд. Ба кӯдак дастпоккуни алоҳида  ҷудо кунед, то дастҳояшро пок кунад. Ҳар рӯз дастпоккунро иваз кунед.