Кӯлбачаи бароҳат месозем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: рӯйпӯшҳо ва кӯрпаҳои кӯҳна, часпак барои либосҳо, болиштҳо, гулчанбарҳо, чароғҳои светодиодии батареядор.
Бозӣ аз чи иборат аст: Ба кӯдакон кӯмак кунед, ки ҷойи сохатни кулбачаро интихоб созанд. Агар саройчаи саҳроӣ сохтанӣ бошед, Шумо метавонед бо овехтани матоҳо ба шохаҳои дарахт хаймаи муваққатӣ созед ва барои роҳати иловагӣ дар рӯйи замин курпаҳо ва болиштҳоро паҳн намоед. Шумо инчунин метавонед, бо гузоштани қаламу коғаз, як даста китобҳо, бозиҳои мизи корӣ барои кӯдакон дар дохили он муҳити диққатҷалбкунанда ташкил кунед. Кулбаро бо гулчанбарҳо оро диҳед.
Агар Шумо дар дохили ягон хона кулбача сохтанӣ бошед, тарҳи идеалӣ ин ду ё се курсӣ ё мизи калони бо матоъ пӯшидашуда мебошад. Кӯдакон дар раванди сохтмон иштирок карданро дӯст медоранд, ва барои ҳамин ҳам чаро аз онҳо кӯмак намепурсед? Онҳо дорои ғояҳои зиёде мебошанд!
Бигзор онҳо дар раванди сохтмон фикрҳои ихтироъкоронаи худро иброз намоянд. Форт? Киштии кайҳонӣ? Ғори зеризаминӣ? Бигзор кулбаи онҳо як ҷаҳони сеҳрангез барои бозии ҷолиби эҷодӣ гардад! Илова бар ин, Шумо метавонед бо гулчанбарҳои барқӣ чароғак созед. Асроромез ва бароҳат хоҳад буд!
Вақте кӯдакон тасмим гирифтанд, ки бо чӣ бозӣ мекунанд, ба онҳо бигӯед, ки мувофиқи он либос пӯшанд. Дар ин ҳолат соатҳои тӯлонии бофароғат кафолат дода мешавад!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Сохтани кулба барои кӯдакон як кори шавқовару ҳаяҷоновар буда тахайюлоти онҳоро ба ангезиш меорад ва ба онҳо дар рушди малакаҳои кории дастаҷамъона ва ҳалли мушкилот кӯмак мекунад. Онҳо бешубҳа "ҷойи махфӣ"-и нави худро дӯст медоранд ва дар он ҷо онҳо метавонанд дар вақти дилхоҳ пинҳон шуда бозӣ кунанд!