Кӯмак ба кӯдак барои худтасаллидиҳӣ

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ашёҳое, ки Шумо одатан дар гаҳвораи кӯдаки худ ва ё дар ҳар ҷое, ки ӯ хобидааст, мегузоред.

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Нигоҳубини фарзандатон ҳангоми нороҳат будани вай ҳанӯз ҳам муҳим аст. Аммо, Шумо пай мебаред, ки фарзандатон рӯз то рӯз ба муддати кӯтоҳ ҳам бошад, худро ором мекунад. Тавасути боварӣ ҳосил намудан, ки дар наздикӣ ашёҳои бехатаре ҳастанд, ки кӯдак ба воситаи онҳо худро бароҳат эҳсос намояд, Шумо метавонед ба фарзандатон кӯмак намоед. Масалан, ягон бозичае ҳаст, ки фарзанди Шумо навозиш кардани онро дӯст медорад, телефони мобилии рангоранг ё расме ҳаст, ки кӯдак ба осонӣ онро мебинад. Пеш аз он ки фавран ба назди кӯдак равед, таваққуф кунед ва бодиққат назар кунед, ки кӯдак мустақилона дар муддати кӯтоҳ ором шуда метавонад. 

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Фарзанди Шумо медонад, ки метавонад барои беҳбуди вазъ ба Шумо такя кунад. Аммо ӯ инчунин мефаҳмад, ки метавонад барои оромӣ коре кунад. Худтасаллидиҳӣ ин маҳорати муҳимест, ки бояд аз ин синну сол сар карда омӯхта шавад ва дар тӯли моҳҳо ва солҳои минбаъда инкишоф дода шавад. Мисли ҳамеша, дастгирии меҳрубононаи Шумо муҳим аст.