Кӯмак расонидан ба мутобиқшаии кӯдакон пас аз ҷудоӣ ё талоқ гирифтани волидайн

Кӯдакон метавонанд дар бораи ҷудошавӣ ё талоқи волидонашон ташвиш кашанд. Барои сабуктар намудани изтироби онҳо, бо онҳо ошкоро сӯҳбат кунед, онҳоро бовар кунонед ва ба тарзи муқаррарии зиндагӣ омода намоед. Кӯшиш кунед, ки кӯдаконро ба қабули қарорҳои хурд ҷалб карда дар бораи ҳиссиёти онҳо пурсон шавед ва барои истироҳати якҷоя вақт пайдо кунед.
Body
Мутобиқшавии кӯдакон ба ҷудоӣ ва талоқ

Ҷудошавӣ ва талоқ тағйироти ҷиддие дар ҳаёти оилавӣ буда метавонад кӯдакро хеле нороҳат кунад. Ба изтироб омадани кӯдак - зуҳуроти муқаррарӣ аст. Барои ёрӣ расонидан ба мутобиқшавии кӯдак ба тағйироти оилавӣ, Шумо бояд бо ӯ сӯҳбат кунед, фаҳмонед, ки ин вазъият барои ҳама душвор аст ва кӯшиш кунед, ки тарзи ҳаёти муқаррарии худро нигоҳ доред.

Чӣ гуна бо кӯдак оид ба ҷудоиву талоқ суҳбат кардан лозим аст

Инак якчанд маслиҳат оид ба чӣ гуна бо фарзанди худ дар бораи тағйироте, ки дар натиҷаи ҷудошавӣ ва талоқ ба вуҷуд омадааст сӯҳбат кардан лозим аст.

Душворӣ ба миён наоред

Ба кӯдак воқеаро бо тамоми ҷузъиёт фаҳмонидан шарт нест. Аммо вай ҳақ дорад бидонад, ки чӣ рӯй дода истодааст ва барои ӯ муҳим аст, ки ҳама чиз хуб шавад.

Беҳтараш он чизеро, ки рӯй дода истодааст, софдилона, бо забони содда ва фаҳмо шарҳ диҳед. Масалан: «Мо туро дӯст медорем ва нисбати ту ғамхорӣ мекунем. Аммо мо тасмим гирифтем, ки бо падарат алоҳида зиндагӣ кунем, ин барои оилаамон беҳтар мешавад».

Дар ҷавоб додан ба саволҳои душвор саросема нашавед

Агар кӯдак саволи душворе диҳад, масалан, "Ман ҳоло бо кӣ зиндагӣ мекунам?", Шумо метавонед пурсед, ки фикри ӯ дар ин бора чӣ гуна мебошад. Ҳамин тавр, Шумо мефаҳмед, ки кӯдак аллакай чиро медонад ва чиро намефаҳмад.

Вақте ки барои Шумо ҷавоб додан ба саволи мураккаб душвор аст, ба худ вақт диҳед, то фикр кунед. Агар фавран ҷавоб дода натавонед, ба фарзандатон бигӯед, ки баъдтар ба ин сӯҳбат бармегардед. Масалан: "Ман ҳоло намедонам. Ману падарат то ҳол фикр карда истодаем. Аммо ман аниқ медонам, ки ту бо ӯ ва бо ман вақт мегузаронӣ”.

Саволҳое, ки кӯдак ба Шумо медиҳад, метавонад аз мушкилоти мушаххас ба вуҷуд ояд. Масалан, агар ӯ пурсад, ки модар/падар кай бармегардад, пас ӯ хавотир мешавад, ки кай онҳоро мебинад. Аз кӯдаки худ дар бораи ташвишҳояш пурсед ва ӯро бо суханони оддӣ ором кунед, то нишон диҳед, ки Шумо ӯро дарк мекунед. Масалан: “Парво накун, ту ҳар ҳафта модар/падаратро мебини. Ман медонам, ки ин барои ту хеле муҳим аст."

Ҳар саволеро ки кӯдак мепурсад, муҳим аст, ҷавоби савол ӯро бовар кунонад, ки ҳарду волидон ӯро дӯст медоранд.

Мунтазам бо кӯдак суҳбат кунед

Эҳтимол, кӯдаки Шумо ҳамеша дар бораи ягон мушкилот фикр мекунад ва бинобар ин омода бошед, ки ба саволҳо такроран ҷавоб диҳед. Сӯҳбатҳои мунтазам ба кӯдак имкон медиҳанд, ки дар бораи он чизе, ки ӯро ба ташвиш меорад, муҳокима кунад. Шумо метавонед пас аз истеъмоли хӯроки шом, пеш аз хондани китоб ё ҳангоми бозиҳои ором бо ҳам сӯҳбат кунед.

Оид ба ҳиссиётҳо сухан ронед

Кӯдаки Шумо эҳтимол пайхасмекунад , ки Шумо ғамгин, хашмгин ё хафа ҳастед. Ин зуҳуроти табиӣ ва ҳатто фоидаовар мебошад. Муҳим аст, ба ӯ фаҳмонед, ки Шумо ӯро дӯст медоред, ӯ гуноҳе надорад ва ҳама чиз хуб мешавад.

Дар мавриди эҳсосоти худро оромона ва мутавозин баён кардани Шумо, кӯдак низ ҳамин тавр амал карданро меомӯзад. Вақте ки ӯ дар бораи эҳсосот сӯҳбат мекунад, кӯшиш кунед, ки сабаби онро шарҳ диҳед. Бо ин роҳ ҳардуятон масъаларо беҳтар баррасӣ менамоед. Шумо метавонед масалан бигӯед: "Мебинам, ки ту зиқ ҳастӣ" ё "Ман мефаҳмам, ки ту аз ин ғамгин шудаӣ."

Эҳсосот ва хашми кӯдакро гӯш кардан душвор аст, аммо барои ӯ муҳим аст, ки дар ин бора дилашро холӣ кунад.

Ба кӯдаки худ пешниҳод кунед, ки бо ягон каси дигар сӯҳбат кунад

Баъзан ба кӯдакон осонтар аст, ки ба ғайр аз волидонашон эҳсосот ва фикрҳои худро бо ягон каси дигар мубодила кунанд. Шумо метавонед ба фарзандатон пешниҳод кунед, ки бо нафаре, ки Шумо ба ӯ бовар доред  - дӯст, муаллим, хола, тағо, амакбача, бобою бибӣ суҳбат кунад. Агар дӯстонатон ва аҳли оилаи Шумо бо фарзандатон сӯҳбат кунанд, аз онҳо хоҳиш кунед, ки дар бораи ҳамсари собиқи худ суханҳои манфӣ нагӯянд.

Тарзи муқаррарии зиндагӣ ва анъанаҳои он пас аз ҷудошавӣ ё талоқ

Зиндагӣ аз рӯи реҷаи муайян ба кӯдакон ҳисси амн, муҳофизат ва назорат аз болои вазъият медиҳад. Аз ин рӯ, риояи ин реҷа ба кӯдак кӯмак мекунад, ки аз фикр дар бораи ҷудоӣ ва талоқи волидон наҷот ёбад.

Кӯшиш кунед, ки як маросими хурде таҳия кунед, ки барои кӯдак воқеан муҳим аст. Ин маросим метавонад вохӯриҳои мунтазам бо дӯсти худ ё хондани китоби дӯстдоштаи худ пеш аз хоб бошад. Агар имконпазир бошад, кӯшиш кунед, ки аз тағйироти ҷиддӣ дар ҳаёти кӯдак, масалан, ба мактаби нав кӯчидан, худдорӣ намоед.

Доимӣ будан шарти муҳим аст. Тарзи бедор кардани фарзандатон дар саҳар ё он чизе, ки пеш аз хоб ба ӯ мегӯед – одатҳои оромбахш мебошанд, ки иҷро намудани онҳо душвор нест.

Қабули якҷояи қарор бо кӯдакон пас аз ҷудоӣ ва талоқ

Агар Шумо фарзанди худро ба қабули қарорҳои хурди ҳаррӯза, ба мисли ороиши ҳуҷраи худ ё интихоби хӯрок барои хӯроки шом ҷалб намоед, ӯ ҳис мекунад, ки чизе аз ӯ вобастагӣ дорад. Бо кӯдакони калонтар Шумо метавонед дар бораи он, ки чӣ қадар вақтро онҳо бо падар ё модари дигар гузарондан мехоҳанд, муҳокима кунед. Муҳим аст, ки кӯдаконро бодиққат гӯш кунед ва ба онҳо гуед, ки фикри онҳо низ аҳамият дорад.

Машғулият бо кӯдакон пас аз ҷудошавӣ ва талоқ

Барои истироҳат вақт ҷудо кунед, ҳатто агар он танҳо рақс кардан дар зери мусиқӣ бошад. Кӯшиш кунед, ягон амалеро ба таври ногаҳонӣ – масалан, ба монанди сайругашт дар боғи истироҳатӣ ташкил кунед.

Дастгирии кӯдак аз ҷониби кӯдакистон ё мактаб пас аз ҷудошавӣ ва талоқ

Пас аз ҷудошавӣ ё талоқи волидайн, дар рафтори кӯдак метавонад тағйироте ба амал ояд, ки он дастгирии иловагиро талаб мекунад. Муаллимон низ метавонанд чунин аломатҳоро муайян намуда, ба қадри имкон кӯмак расонанд.