Кӯшиш кун, ки биёби

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаҳои хурд, ба монанди тӯб, хирсак ё лӯхтак.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғоз намудани бозӣ, ҷойро тайёр кунед. Дар паҳлӯи кӯдаки худ дар фарш нишаста бозичаи хурдакакро ба дастатон гиред ва бо ӯ дар бораи ин ашё сӯҳбат кунед. Сипас, бозичаро, масалан, дар паси курсӣ ё миз пинҳон кунед. Аз кӯдаки худ пурсед: "Бозичаи ту дар куҷост?" Сипас, бозичаро якҷоя бо ӯ пайдо кунед ва ҳамин ки онро ёфтед, бигӯед: “ана бозича ин ҷост!”. Ҳар дафъа бозичаро дар ҷои нав пинҳон карда бозиро давом диҳед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Вақте ки кӯдак бозичаро меҷӯяд ва пайдо мекунад, ин ба рушди тафаккури мантиқӣ ва инкишофёбии малакаҳои дарки босиравӣ мусоидат мекунад.