Кӯтоҳ кардани нохуни кӯдакон

Зуд-зуд кӯтоҳ кардани нохуни кӯдакон лозим нест. Ин амалро дар мавриде иҷро намудан лозим аст, ки кӯдаки Шумо ором бошад ва ё Шумо ӯро бо сароидани суруд ё ягон роҳи дигар ба худ ҷалб мекунед. Дар кӯдакон метавонад дар атрофи нохуни дасту пойҳо сироят инкишоф ёбад. Ин воҳимаовар нест, вале агар Шумо нишонаҳои сироятро бубинед ба табиби кӯдакона муроҷиат намоед.
Body

Дар боари нохунҳои кӯдаки Шумо

Зуд-зуд кӯтоҳ кардани нохуни кӯдакон лозим нест.

Дар кӯдакони навзод нохунҳо мулоим буда онҳо дар мавриди часпидан ба либосҳои кӯдак мустақилона канда мешаванд. Кӯдакони калонтар нохунҳои худро дар вақти бозӣ ё таъсири муҳити атроф канда мекунанд.

Нохунҳои дароз ва тез боиси пайдоиши харошҳо дар пӯст гардида дар баъзе мавридҳо кӯдакон чашми худро мехарошанд. Илова бар ин нохунҳои кӯдакон зуд афзоиш меёбанд ва аз ҳамин сабаб дар мавриди зарурият нохунҳои дасту пои кӯдаконро кӯтоҳ кунед. Бар иҷрои ин амал қайчиҳои махсуси ороишӣ ва нохунгиракҳои кӯдаконаро истифода баред. Кифоя аст, ки танҳо кунҷҳои тези нохунро барои ҳамвор шудани онҳо гиранд.

Чӣ гуна нохунҳои кӯдак кӯтоҳ карда мешавад

Кӯшиш намоед, ки нохунҳои кӯдакатонро дар мавриди ором будан, хоб будан ё хоболуд будан кӯтоҳ намоед.

Маслиҳатҳои мо метавонанд дар ин маврид муфид бошанд:

  • Барои хубтар дидан рӯшноии кофиро таъмин намоед, вале кӯшиш кунед, ки ба чашми кӯдак зарар нарасонад.
  • Аз кӯмак пурсидан шарм надоред: бигзор касе кӯдакро нигоҳ дорад ва каси дигар нохунҳои ӯро кӯтоҳ намояд. Барои он, ки пӯсти ангушти кӯдакро набуред болиштаки нохунро боэҳтиётона каме ба қафо тела диҳед.
  • Барои он, ки аз афзоиши нохун дар зери пӯст пешгирӣ кунед, канорҳои онро даврашакл накунед ва нохунро баробар гиред. 

Ва якчанд маслиҳат дар мавриди он, ки кӯдаки Шумо аз нохунгирӣ асабӣ шавад:

  • Бо садои ором ба кӯдакатон фаҳмонед, ки Шумо чӣ кор карда истодаед ва ё суруд хонед.
  • Кӯдакро бо ягон чиз ё бозича ҷалб кунед. Ин барои кӯдакони калонтар хуб аст.
  • Кӯдакатонро барои он, ки дар раванди иҷроиши кор ба Шумо кӯмак кард, таъриф намоед. Ин кӯмак мекунад, ки Шумо аз кори иҷронамудаи худ хурсанд ва қаноатманд шавед.

Агар Шумо нохост пӯсти кӯдакро буридед ва хунравӣ дида шавад, боэҳтиётона дар ҷойи буридашуда пахта, дока ё матоъи мулоими тоза гузошта то бозмонии хунравӣ нигоҳ дошта истед. Захмро набандед, зеро кӯдаки Шумо метавонад бандинаро ба даҳонаш барад.

Агар Шумо аз захми бурида хавотир бошед, пас кӯдакро барои муоина ба назди табиб баред.

Кӯдакон бисёр вақт ба таври ногаҳонӣ худро мехарошанд, зеро онҳо ҳоло дасту пойи худро хуб идора карда наметавонанд. Онҳо дӯст медоранд, ки чеҳраи худро бо даст ламс карда омӯзанд ва дар ин маврид чашми худро харошида метавонанд. Агар кӯдакатон дар зери назорати Шумо бошал, он гоҳ бо пӯшонидани ҷуфти дастпӯшакҳо ё ҷӯробчаҳои пахтагӣ ба дастони кӯдак ӯро аз захмдор намудани худ эмин нигоҳ доред.  Барои он, ки кӯдакатон бозӣ кунад ё ягон чизро тадқиқ намояд дастпӯшакҳоро кашед.

Нишонаҳои чашми худро харошидани кӯдак:

  • чашмони сурх – «сафедии чашм» хеле барангехта ва сурх мешавад;
  • ашкрезии зиёд;
  • кӯдакатон ногаҳон беқарор мешавад;
  • нишонаҳои харош дар атрофи чашм;
  • аломатҳо танҳо дар як чашм дида мешавад.

Агар Шумо шубҳа намоед, ки кӯдакатон чашми худро харошидааст, пас ба табиби кӯдакона муроҷиат намоед, то ки ӯ зарурияти истифодабарии марҳамҳоро ба чашм дар ин маврид фаҳмонад. Вале хавотир нашавед! Дар бештари мавридҳо харошҳо наонқадар ҷиддӣ буда дар мавриди нигоҳубини дуруст хуб сиҳат мешаванд.

Мушкилот бо нохуни кӯдакон

Дар кӯдакон бештар каме сироятнокшавӣ дар атрофи нохуни дасту пойҳо (паронихия ном дорад) пайдо мешавад. Одатан онҳо бетабобат мегузаранд. Вале, эҳтимол ба нохун молидани миқдори ками марҳами антисептикӣ ё моеъ талаб карда мешавад.

Баъзан ин сироят ба пӯсти ангуштони дасту пой паҳн шуда боиси пайдоиши варам ва сурхшавӣ дар ин минтақа мегардад.

Агар Шумо ин ҳолатро мушоҳида намоед, пас ба табиби кӯдакона муроҷиат кунед. Ба кӯдаки Шумо эҳтимол барои сиҳат шудан доруҳои антибактериалӣ таъин мекунанд. Агар барои табобат намудан ба дасти кӯдак марҳам молед, пас барои он, ки кӯдак дасташро ба даҳонаш набарад ва марҳамро нахӯрад ба дасти кӯдак дастпӯшак ё ҷӯробча пӯшонед.