Қуттӣ
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Коғази ранга ё картонҳои ранга; қутти ё контейнер. Агар Шумо коғази ранга надошта бошед, шумо метавонед бозичаҳоро истифода баред.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Аввалан, дар бораи он фикр кунед, ки бо кӯдакатон дар куҷо бозӣ мекунед; Шумо бояд боварӣ ҳосил кунед, ки ҷой бароҳат аст. Шумо метавонед кӯдаки худро дар пеши худ ба гилем, ба курсии баланд ё ба бистар гузоред.
Коғаз ё картонҳои ранга гузоред ва бо онҳо бозӣ кунеду ба фарзандатон нишон диҳед, ки чӣ тавр шумо аз қуттӣ шаклҳо ва рангҳои гуногунро мегиред ва сипас ӯро даъват кунед, ки коғазро аз қуттӣ барорад, ранг ва таркиби онро омӯзад. Сипас ба кӯдаки худ ёд диҳед, ки ҳама чизро дар як қуттӣ гузорад. Ин фаъолиятро мумкин аст бо қофия ё суруд ҳамроҳ иҷро намуд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Тавассути ин фаъолият Шумо фарзанди худро ташвиқ мекунед, ки ба чизҳои атроф кунҷковӣ дошта бошад. Он инчунин моторикаи хурд ва калонро инкишоф медиҳад.