Қуттичаи махсуси ман

Маводҳои зарурӣ: Қуттие, ки барои чизҳои дигар ба Шумо лозим нест. Хеле хуб хоҳад буд, агар он сарпӯше дошта бошад, ки кӯдак онро кушода тавонад; ашёҳои гуногуни хурд, ки ба Шумо лозим нестанд ва Шумо онҳоро дар қуттӣ гузошта метавонед. Онҳо метавонанд бозичаҳои фарзанди Шумо бошанд ё ашё аз хона. Боварӣ ҳосил кунед, ки онҳо барои кӯдак бехатар мебошанд.

Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Ба фарзандатон қутиро нишон диҳед, сарпӯши онро кушода тааҷуб шавед. «Оҳ, бубин, ин ҷо чӣ аст! Ин қуттичаи махсуси ту мебошад, бо ашёи махсуси дар дохил доштааш. Биё бо онҳо бозӣ кунем!" Пас Шумо метавонед нишон диҳед (агар лозим бошад) чӣ гуна чизҳоро ҷамъ карда, онҳоро аз қуттӣ баровардан ва гузоштан лозим аст. Агар баъзеи онҳо садоҳоеро ба монанди қошуқ бароранд, хеле шавқовар хоҳад буд. Ба фарзандатон имкон диҳед, ки тавре, ки ба ӯ маъқул аст, нишаста дар назди Шумо бозӣ кунад.

Қуттии ашёро дар як ҷо нигоҳ доред, то фарзанди Шумо баъзан қуттиро пайдо кунад ва мустақилона бо он бозӣ кунад.

Фарзанди шумо чиро меомӯзад: Ин машғулиятҳо ба фарзанди Шумо кӯмак мекунанд, ки истифодаи мушакҳои ангуштон ва дастҳоро омӯзад. Инчунин инкишофи идрокӣ беҳтар мешавад, чунки ӯ банақша мегирад, ки чиро аз қутти барорад ва чиро ба он гузорад ва чи тавр он бо ҳамдигар мувофиқ меояд.