Қуттиҳои сенсорӣ/ҳиссиётӣ
Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Қуттиҳо (қуттиҳои пойафзол), чашмбандҳо, маводи гуногуни табиӣ.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар ҷустуҷӯи маводҳои табиие, ки ба қуттӣ ҷамъ карда мешавад, ба ҳавои кушод бароед. Муҳим он аст, ки ашёҳо барои кӯдак бехатар бошанд. Барг, шағал, шохачаҳо, ҷалғӯзаи арча, ҷалғӯзаи булут, алаф, кох, гулу рег мувофиқ мебошанд.
Ҳар як маводи ҷамъшударо дар қуттии алоҳида ҷойгир кунед, сипас қуттиҳоро дар паҳлӯи якдигар дар рӯи замин ё рӯи миз ҷойгир кунед. Чӣ қадаре ки бисёртар ашё ва маводҳо ҷамъоварӣ кунед ва ҳар қадаре, ки онҳо дар ламс задан гуногунанд, ҳамон қадар беҳтар аст! Бозингарон баъдан бо чашми баста ба ашёҳои гуногун даст мезананд ва онҳоро танҳо бо истифода аз ҳисси ламс номбар мекунанд.
Беҳтар аст, ки бозингарон набинанд, ки Шумо кадом маводро барои бозӣ ҷамъ кардаед. Аммо, агар онҳо донанд, ки кадом ашё ва маводи табиӣ дар бозӣ истифода мешавад ё агар кӯдакон мехоҳанд якчанд маротиба бозӣ кунанд, Шумо метавонед ҷойи ҳама қуттиҳоро иваз кунед ва масалан, вақти муайян муқаррар кунед, то бубинед, ки кӣ ҳама чизро зудтар шинохта метавонад.
Пас аз он ки ҳар як бозингар худро дар ин бозӣ санҷид, вазифаро душвор созед - бигзор онҳо фаҳманд, ки дар қуттии пӯшида чӣ ҳаст, бидуни кушодани он! Онро кушодан мумкин нест, аммо кӯдакон метавонанд онро бардошта, ҷунбонда ва гӯш карда дар дохили он чӣ буданро ёбанд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ дар ҳавои кушод – як роҳи олии додани маълумот ба кӯдакон дар бораи табиат ва бедор кардани шавқи онҳо мебошад. Бо ламс кардани маводҳои гуногуни табиӣ, онҳо дарк кардани ҳиссиёти худро меомӯзанд ва дар бораи муҳити атроф маълумоти бештар мегиранд.