Қуттиро мекушоем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: қуттии қоғазӣ ё пластикии миёнаҳаҷм (беҳтараш сарпӯшдор); бозичаҳои гуногунҳаҷм
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар аввал ба дохили қуттӣ 5-10 бозича гузоред. Баъдан қуттиро ба кӯдак дода нишон диҳед, ки чӣ гуна онро кушодан мумкин аст.
Сипас нишон диҳед, ки ашёҳоро чӣ гуна аз дохили қуттӣ гирифтан ё баръакс ба дохили он гузоштан мумкин аст. Кӯдак танҳо бо ангушти калону ишорати худ кӯшиши гирифтани ашёҳоро намуда, онҳоро мепартояд, то ки бозичаҳо ба замин афтанд.
Истифодабарии ашёҳои хурд, ки кӯдак метавонад онро ба даҳон гирад, тавсия дода намешавад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ёрии ин машқ Шумо на танҳо моторикаи хурди кӯдаки худ, балки кунҷковии ӯро низ сайқал медиҳед.