Либоси мӯд

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Кӯрпаҳо ва рӯйпӯшҳо, пораҳои матоъ, кулоҳҳои гуногун, қоғази ташноб, фолга, мӯйсари сунъӣ, ниқобҳо, либосҳои масхарабозӣ.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар аввал ҳама ашёҳоро дар маркази ҳуҷра ё дар қуттии калон ҷойгир кунед. Ба иштирокчиён вақт диҳед, то либоси худро аз ашёҳо тарроҳӣ кунанд. Пас аз он, баҳо диҳед, ки либоси кадом кӯдак беҳтар баромадааст.

Агар фарзанди Шумо як тасвири мушаххас, аз ҷумла робот мехоҳад, Шумо метавонед ба ӯ вақти бештар диҳед, то эҷодкорӣ кунад ва ба вай дар рӯйпӯш кардани қуттиҳо бо фолга кӯмак кунед. Агар Шумо костюмҳои тайёр надошта бошед, ба кӯдакон мавзӯи умумиро дар мавзӯи либос пешниҳод кунед. Масалан, кайҳон.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ ба инкишофи хаёлот ва ихтирокорӣ мусоидат мекунад. Ба кӯдакон барои сохтани костюмҳо аз маводҳо ва ашёҳои гуногун имконот диҳед ва бубинед, ки онҳо чӣ кор мекунанд. Шумо инчунин метавонед як намоиши либосҳоро дар саҳна ташкил кунед.