Лухтак дар куҷост?

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: кӯрпаи мулоим, бозича ё лухтак

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар аввал мавқееро пайдо кунед, ки барои Шумо ва кӯдакатон бароҳат бошад. Кӯрпаро ба сатҳи ҳамвор гузоред.

Кӯдаки худро ба тахтапушташ ба рӯи кӯрпа хобонида, баро таваҷҷӯҳи ӯро ҷалб намуда ба вай гӯед: «Ман як чизак дорам!». Лӯхтак ё бозичаро ба даст гирифта, дар паси худ пинҳон кунед.

Лӯхтакро бароварда гӯед: "Салом, (номи фарзандатонро гӯед)!" Пас аз он боз бозичаро дар паси худ пинҳон кунед.

То он даме, ки кӯдаки Шумо бесаброна пайдо шудани бозичаро интизор нашавад, бозӣ карданро идома диҳед. Кӯшиш кунед, ки бозича аз ҷойҳои гуногун пайдо шавад, масалан, аз зери дастатон, аз паси китф ва ғайра. Ҳар замон барои ҷалб намудани диққати кӯдакатон бозичаро ба кӯдаки худ наздик кунед. Акнун навбати кӯдаки Шумо аст. Бигзор вай бо бозича бозӣ кунад, ва бубинед, ӯ эҳтимолан амалҳои иҷронамудаи Шуморо такрор мекунад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият ба ангезиши таваҷҷӯҳи кӯдак ва инчунин алоқаҳои нейронӣ ва дарки босиравӣ кӯмак мекунад, зеро ӯ мефаҳмад, ки фурсати пайдо шудани бозича наздик аст.