Мағозабозӣ мекунем
Маводҳои зарурӣ: Ашёҳои гуногуни хонагӣ барои "фурӯхтан"-и онҳо дар мағоза; Тангаҳо, жетонҳо (нишонаҳо) ё фишкаҳо (чипҳо); Стикерҳо; Ручка ё қалам; Калкулятор (ихтиёрӣ)
Машғулият аз чӣ иборат аст: Барои мағоза ашёҳои гуногунро ҷамъ намоед – ин метавонад чизи дилхоҳ бошад, аз бозичаҳо, китобҳо ва дискҳо сар карда то либос, консерва ва мева. Бигзор кӯдакон дар стикерҳо нархномаҳо омода намоянд. Шавқовар он аст, ки ҳар як чизро онҳо чӣ гуна нархгузорӣ менамоянд? Ба ҷои пул, шумо метавонед чипҳо, нишонаҳо ва ҳатто маҳтобҳои шишагиро истифода баред (ба шумо танҳо чизе лозим аст, ки кӯдакон метавонанд онҳоро ба "маҳсулот" иваз кунанд).
Баъдан ҳал кунед, ки нақши фурӯшандаро кӣ иҷро мекунаду, харидор кӣ мешавад. Агар шумо бо пули ҳақиқӣ бозӣ карда истода бошед, тангаҳоро тавре тақсим кунед, харидорон хариди худро интихоб карда тавонанду, фурӯшанда бақия дода тавонад.
Бигзор харидорон ҳал кунанд, ки чӣ қадар чизро харида метавонанд ва чӣ қадар маблағро тайёранд, сарф кунанд. Фурӯшанда маблағи умумиро ҳисоб мекунад (дар калла, дар қоғаз ё бо ёрии калкулятор), пулро мегирад ва бақияро ҳисоб мекунад.
Бигзор кӯдакон нақшро бо ҳамдигар иваз кунанд. Бигзор онҳо маҳсулоти гуногуро барои хариду фурӯш интихоб кунанд, ҷамъ ва тарҳ кардани рақамҳоро машқ кунанд!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бозиҳои нақшӣ - ин воситаи беҳтарини мусоидат намудан барои инкишофи тахаюлоти кӯдакон, малакаҳои иҷтимоӣ ва боварӣ ба худ мебошад. Ғайр аз ин мағозабозӣ ба кӯдакон имкони мустаҳкам кардани донишҳои арифметикӣ ва тамрин намудани муносибат бо пул мебошад.