Махмалак (Скарлатина)
Махмалак
Махмалак бемориест, ки бо зоҳир шудани доначаҳои махсус дар пӯст тавсиф мешавад, ки метавонад ҳангоми сироят ёфтани кӯдак бо бактерияҳои Streptococcus pyogens (Стрептококки гурӯҳи А) пайдо шавад. Ин одатан сирояти гулӯ аст, аммо баъзан он метавонад сирояти пӯст бошад. Аломатҳои махмалак вақте пайдо мешаванд, ки бактерияҳо токсинҳоро ба вуҷуд меоранд, ки дар тамоми бадани кӯдак паҳн мешаванд.
Бактерияҳои стрептококкҳои гурӯҳи А метавонанд тавассути сирояти қатрагӣ-ҳавоӣ ҳангоми атса задан, сулфа кардан аз одам ба одам паҳн шаванд, ё ламс кардани захмҳои шахси гирифтори сирояти пӯст.
Аломатҳои махмалак
Кӯдакони гирифтори махмалак қариб ҳамеша аломатҳои зерин доранд:
- дарди гулӯ
- доначаҳо дар пӯст
- ғадудҳои лимфатикии ҳассос ва варамшуда дар гардан
- ҳарорати баланд
- қайкунӣ
Доначаҳо
Доначаҳо ба сӯхтанӣ аз офтоб монанд буда, ҳамчун коғази сунбода (наждачная бумага) ҳангоми ламс кардан ҳис мешаванд. Онҳо одатан аввал дар рӯй ё гардан пайдо мешаванд ва сипас ба бадан, дастҳо ва пойҳо паҳн мешаванд. Агар пӯсти сурхшударо пахш кунед, ранги он сафедтоб мешавад.
Одатан, чинҳои пӯст дар қадкашак, зери бағал, оринҷҳо, зонуҳо ва гардан нисбат ба доғҳои дар атроф буда сурхтар мешаванд.
Рӯй метавонад сурх тобад бо ранги сафедтоб дар атрофи минтақаи даҳон.
Забони кӯдак низ метавонад ранги сурхи баланд шавад. Баъзан ин ҳолатро "забони тамашк (малина)" меноманд.
Пас аз гузаштани сироят, пӯсти кӯдакон метавонад пӯстпартоиро оғоз кунад, одатан дар нӯги ангуштон ва пойҳояшон.
Агар кӯдаки Шумо махмалак дошта бошад, ӯ танҳо дар давоми 1-2 рӯз пас аз оғози табобати дуруст сирояткунанда хоҳад буд. Аммо агар табобат нагирад, вай метавонад дар давоми 10-21 рӯз дигаронро сироят кунад.
Оё кӯдакро ҳангоми сирояти махмалак ба духтури оилавӣ/педиатр бурдан лозим аст?
Бале. Агар кӯдаки Шумо нишонаҳои махмалак дошта бошад, Шумо бояд ӯро ба духтури оилавӣ/педиатр баред.
Таҳлилҳо ба махмалак
Духтури оилавӣ/педиатр метавонад аз гулӯ молишак гирад, то тасдиқ кунад, ки фарзанди Шумо сирояти стрептококки пиогенӣ дорад.
Табобати махмалак
Махмалак даҳшатнок менамояд, аммо одатан бо антибиотикҳои гурӯҳи пенициллин ба осонӣ табобат карда мешавад. Агар фарзанди Шумо ба пенициллин аллергия дошта бошад, духтур навъи дигари антибиотикро таъин мекунад.
Пас аз оғози табобат, кӯдак одатан дар давоми 24-48 соат барқарор мешавад.
Оқибатҳои махмалак
Дар сурати табобат накардани махмалак ин беморӣ метавонад боиси оқибатҳо гардад, аз қабили сирояти шадиди стрептококки пиогенӣ ва баъзан мушкилиҳои таъхиршуда, ба монанди табларзаи тарбод ва осеби гурда (гломерулонефрит).
Пешгирии махмалак
Ягон ваксинаи зидди махмалак вуҷуд надорад.
Барои пешгирии паҳншавии бактерияҳои стрептококки гурӯҳи А, Шумо, фарзанди Шумо ва дигар аъзоёни оила бояд дастҳои худро мунтазам бо собун ва оби гарм шӯед. Шумо инчунин бояд кӯшиш кунед, ки дасти худро ба чашмҳо, бинӣ ва даҳони худ нарасонед.