Ман бозӣ мекунам ва роҳ рафтанро меомӯзам
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаҳои дӯстдошта ё бозичаҳои бо дасти худ омоданамуда, болиштҳо, мебели мулоим, қуттиҳо.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Мебелро тавре ҷойгир кунед, то ин ки кӯдак дар гирду атрофи ҳуҷра ҳаракат кунад ва дар байни қисмҳои ҷудогонаи мебели мулоим онро дошта қадам занад. Ин барои нигоҳ доштани мавозинат ҳангоми роҳ рафтан мусоидат менамояд. Барои водор намудани қадами аввалинро гузоштани фарзандатон дар ҳолати истода ва ба тарафи шахси дигар нигоҳ карданаш, ӯро ҳавасманд кунед, то ин ки ба тарафи нафаре равад, ки дар даст бозичаи дӯстдошта ё дигар ашёи кӯдакро дошта бошад (баъзан худи одам метавонад низ метавонад сабаб шавад).
Кӯдакон бозичаеро, ки онро тела додан ё кашидан мумкин аст дӯст медоранд. Агар Шумо ҳоло онро надошта бошед, як бозичаи оддӣ созед, ки онро бо гузаронидани пораи пашм ё риштаи ғафси бофандагӣ ё ресмони мулоим (бо дарозии 60 см) тавассути қутти ё ғалтаки ришта кашидан мумкин аст. Дар тарафи дигар, пуфак ё ресмони пластикӣ бандед, то ҳамчун даста хизмат кунад.
Қуттии калон метавонад ҷои хубе барои нишастан ва бозӣ бошад. Кӯдакон истифода бастаҳои калонро ҳамчун фазои нави хурдеро дӯст медоранд, ки дар он онҳо нишаста лаззат баранд,. Кӯдакро ташвиқ кунед, ки ба қуттӣ дохил шавад, берун равад ё дар он нишинад.... Аз қуттӣ купрук ё нақбро созед, то ӯ тавонад ба тарафи дигар гузарад, дар он ҷой Шумо ё бозичаи дӯстдоштааш интизор аст.
Бо истифода аз қуттиҳо, гилемҳои хурд, болиштҳо ё мебели мулоим дар як ҳуҷра бо баъзе монеаҳо ҷой эҷод кунед, то кӯдак ҳаракат кунад, ин монеаҳоро паси сар кунад, онҳоро ғелонад ё убур кунад, аз зери онҳо гузарад ва онҳоро паси сар кунад.
Кӯдак мефаҳмад, ки бозичаҳои гуногун чизҳои гуногунро "эъҷод мекунанд". Бигзор ӯ бо чизҳои гуногун бозӣ кунад, ки ӯ метавонад кашола кунад, тела диҳад, кашад, ба оғӯш гирад, ларзонад, тела диҳад, каҷ кунад, қат кунад, гардонад ва омехта кунад. Аксар кӯдакон мусиқӣ гӯш карданро дӯст медоранд. Кӯдакро ташвиқ кунед, ки бо мусиқӣ ҳаракат кунад ба пеш, ба гирду атроф ва баргаштан, зеро ӯ мувозинатро ҳамин тавр машқ медиҳад. Агар лозим ояд, аз дастони ӯ дошта ба кӯмак намоед. Ҳамаи ин малакаҳои нави роҳгардии ӯро дастгирӣ мекунад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият ба фарзандатон кӯмак мекунад, ки мустақилона дар самтҳои гуногун, бо суръати гуногун ҳаракат карданро омӯзад ё ҳаракатҳои гуногунро муттаҳид кунад (ҳаракат накардан ва даст афшондан). Ӯ ба азхуд кардани ин маҳорат он қадар ҳавасманд аст, ки интизор хоҳад шуд, ки Шумо ҳар як дақиқаи эҳтиётиро барои дастгирии ӯ дар азхуд кардани ин вазифаи муҳим сарф мекунед. Лутфан муҳитеро, ки ӯ интизор аст, фароҳам созед!