Ман дар рӯи коғаз мекашам!
Ба Шумо чӣ лозим меояд: Бӯр, қалам ё фломастер, варақаҳои калон (шояд ҳатто рӯзнома ё пушти ягон маводи чопшуда).
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол, аксари кӯдакон то ҳол намедонанд, ки чӣ гуна чизи "воқеъӣ" -ро кашанд, аммо онҳо дарвоқеъ мехоҳанд бо ҳар чизеро рӯи коғаз бикашанд. Шояд кӯдаки Шумо чанд моҳ пеш кӯшиши дар рӯи коғаз анҷом додани корҳоро оғоз карда бошад; ҳоло вақти он расидааст, ки эҷодиёти ӯро боз ҳам ҳавасманд кунед. Кӯдаки худро дар вақташ маҳдуд накунед, танҳо ба ӯ як варақи калонро дар сатҳи ҳамвор ва чизе диҳед, ки бо он кашед ё нависад. Худи кӯдак кӯшиш мекунад ки қалам в ё бӯрро ба даст гирифта, ба кашидан шурӯъ кунад.
Бигзор ӯ чӣ гуна мехоҳад ва то он даме, ки зарур аст ин корро иҷро кунад. Шумо метавонед гӯед, ки ӯ чӣ кор кардааст: “Оҳ, бубин, ки ту ин варақро бо бӯр чӣ гуна ранг кардӣ. Ана ин доираи калон ва дар он ҷо як хати дарозе ҳаст!". Шумо метавонед натиҷаи эҷодиёти кӯдаки худро ба девор овезед, то аъзоёни дигари оила низ бубинанд, ки ӯ имрӯз бо чӣ кор машғул буд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин таҷрибаҳо қадамҳои аввалини расмкашӣ ва навиштан мебошанд. Фарзанди Шумо ба идоракунии мушакҳои хурди ангуштҳо ва дастҳоро шурӯъ мекунад. Вай инчунин дарк кардани робитаи байни он чизе, ки ӯ дар бораи он фикр мекунад (хати дароз кашидан) ва корҳое, ки ангуштҳояш мекунанд, оғоз мекунад. Ғайр аз он, бо гап задан дар бораи он, ки кӯдак чӣ кор мекунад ва чизеро ки Шумо мебинед, Шумо рушди забони ӯро ташвиқ мекунед.