Ман инро медонам!
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол фарзанди Шумо шояд ҳоло гап назанад, аммо ӯ ҳар рӯз бештар ва бештар мефаҳмад. Мушоҳида намудани оне, ки фарзандатон чӣ гуна ҳама чизеро, ки Шумо ном мегиред ва амалҳое, ки Шумо ба анҷом мерасонед, мефаҳмад, хеле ҷолиб хоҳад буд! Ҳангоми тамоми машғулиятҳои ҳаррӯза, ҳатман калимаҳоеро истифода баред, ки фарзандатон онҳоро шинохта истодааст - номи кӯдак, аъзои оила (Шумо метавонед бобою бибиеро, ки ба аёдати кӯдак меоянд, номбар намоед ва мушоҳида намоед, ки оё кӯдак ба самти он шахс нигариста истодааст). Ба фикри Шумо, фарзандатон номҳои кадом ашёҳоро медонад?
Шумо метавонед боз ба хотираш оваред "Шишаи ту дар куҷост?" ё "Биё акнун пойафзолатро мепӯшем." Калимаро ба таври возеҳ талаффуз кунед ва аҳамият диҳед, ки оё фарзандатон ҳангоми ба ашё нигоҳ кардан ё гирифтани он мазмуни сухани Шуморо мефаҳмад ё не. Вақте кӯдак кори хатарнокеро анҷом медиҳаду Шумо "Не" мегӯед, оё Шумо мушоҳида мекунед, ки фарзанди Шумо ба ин калима эътино мекунад? Вақте фарзандатон калон мешавад, бубинед, ки фаҳмиши ӯ чӣ гуна инкишоф меёбад.
Фарзанди шумо чиро меомӯзад: Инҳо қадамҳои муҳим дар рушди нутқи кӯдак мебошанд. Фаҳмиш пеш аз суханронӣ аст ва ҳардуи ин малакаҳо вақте инкишоф меёбанд, ки Шумо ҳар рӯз бо фарзандатон дар бораи чизҳои гуногун сӯҳбат мекунед ва ҳатто пеш аз он ки ӯ ба сухан кардан оғоз намояд.