Ман худам!

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз

Машғулият аз чӣ иборат аст: Фарзанди Шумо мустақилтар мешавад. Ин ҳардуятонро ба ҳаяҷон меорад, аммо баъзе мушкилот низ вуҷуд дорад. Ӯ метавонад коре, ки Шумо мехоҳед, иҷро накунад ё мехоҳад, Шумо он кореро, ки ӯ мехоҳад, иҷро кунед! Ин вақт барои сабр ва стратегияҳои оқилона аст. Вақте ки фарзанди Шумо ягон кори душвореро мехоҳад, худаш ба анҷом расонад, ба мисли “Ман худам мекунам”, Шумо метавонед ӯро рӯҳбаланд кунед, ки қисми корро худаш кунаду боқимондаашро Шумо метавонед ба итмом расонед. Баъзан вақт бо навбат иҷро намудани кор низ кӯмак мекунад, масалан "навбати ту" ва "навбати ман". Шумо инчунин метавонед ҳиссиёти кӯдакро бо чунин калимаҳо инъикос кунед, масалан: "Ман медонам, ки ту мехоҳӣ ин корро бо роҳи худ анҷом диҳам, аммо ман ҳозир ин корро карда наметавонам. Ин туро ба хашм меорад, аммо биё кори дигаре пайдо кунем ва баъдтар боз кӯшиш кунем".

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдаки Шумо мустақил будан ва изҳори хоҳишҳои худро меомӯзад. Ин як қадами муҳим, вале душвор дар инкишофёбии ӯст. Дастгирии босабронаи Шумо тадриҷан ба фарзандатон дар мубориза бо эҳсоси ноумедӣ ва фаҳмидани эҳтиёҷоти дигарон ва ниёзҳои худ кӯмак хоҳад кард.