Ман худамро дар оина мебинам

Маводҳои зарурӣ: Оина

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Дар вақти ин машғулият фарзанди Шумо худро ба воситаи алоқаи босиравӣ, яъне ба оина нигоҳ карда мешиносад.

Барои ин машғулият дар назди фарзандатон шинед, то ин ки Шумо суханони зеринро гуфта тавонед “ин кӯдак –ту ҳастӣ”, “модарат бо ту ҳаст”, “чӣ хел кӯдаки ширин”, “ин бинии ту”,  “ин даҳони ту”.

Дар бораи дигар суханоне, ки ба фарзанди Шумо кӯмак карда метавонад, фикр намоед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ҳамаи ин ба фарзанди Шумо барои муайян ва инкишоф додани ҳаракати бадан ба воситаи мушоҳида ва шинохтани худ дар оина кӯмак менамояд.