Ман худамро мехӯронам
Маводҳои зарурӣ: Пораҳои хурди хӯрокворӣ, ки ба фарзанди Шумо писанд аст; ҷойи бароҳат барои нишасти фарзандатон дар назди хӯрок.
Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Ин синну солест, ки бисёр кӯдакон воқеан мустақилона ба хӯрдан шурӯъ мекунанд. Шояд фарзандатон қошуқро ҳоло истифода набарад, аммо бо дастонаш хӯрок мехӯрад! Агар Шумо ҳанӯз оғоз накарда бошед, пораҳои хӯроки болаззатро чунон ҷойгир кунед, то ки фарзандатон ба онҳо расад. Вай метавонад фавран яке аз онҳоро гирифта, ба даҳонаш андозад. Агар ин ҳолат рӯй диҳад, хурсандии худро нишон диҳед ("Ту худат онро хӯрдӣ!" ё ки "Оё мева лазиз аст?"). Шумо инчунин метавонед худатон каме газида хӯред, то ки нишон диҳед, ки чӣ қадар аз хӯрок лаззат мебаред. Ё ин, ки порае аз хӯрокро ба даҳони фарзандатон андозед ва бубинед, ки оё ӯ ҳамин тавр мекунад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Вобаста ба анъанаҳои фарҳангӣ ва рушди кӯдаки худ, Шумо метавонед баъзан таъом додани кӯдаки худро идома диҳед. Бо вуҷуди ин, ҳавасманд кардани мустақилона хӯрдани ғизо, ҳамоҳангӣ ва дақиқии ҳаракатҳои дастро такмил медиҳад. Инҳо малакаҳое мебашанд, ки пас аз чанд сол, ба ӯ дар оғози расмкашӣ ва навиштан кӯмак мекунанд. Вақте, ки Шумо ҳангоми хӯрокхӯрӣ бо фарзандатон сӯҳбат мекунед, Шумо инчунин рушди нутқи ӯро ташвиқ мекунед (масалан, номгӯи хӯрокҳо).