Ман мебинам

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Фикр кунед, ки кадоме аз бозингарон бозиро аввал назорат мекунад – ин шахс аз ашёҳои назарраси муҳити атроф ягон чизро интихоб намуда ҳарфи аввали онро ҳамчун ёрирасон ба дигарон гӯяд. Масалан, “Ман ашёеро мебинам, ки номи он бо ҳарфи “С” сар мешавад.......”. Баъд аз он бозингарони дигар имкон пайдо мекунанд, фаҳманд, ки ин ашё чӣ мебошад. Ҳар шахсе, ки номи чизи тахминшударо меёбад, калимаи ояндаро тахмин мекунад.  

Агар ашёи тахминшуда зуд ёфта шавад ва аз мадди назар дур монад, бозӣ шавқовар намешавад. Он ашёеро интихоб намоед, ки бештар дар мадди назар бошад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ кӯдаконро ташвиқ менамояд, ки ба муҳити атроф назар карда ашёи тахминшударо ёбанд ва инчунин мушоҳидакории онҳоро инкишоф медиҳад.