Ман мустақилона либос мепӯшам!

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Либосҳои ҳаррӯзаи фарзанди Шумо.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол, фарзанди Шумо ба либоспӯшӣ (ё аввал ба либоскашӣ) шавқи худро нишон медиҳад. Бале, агар ин корро худатон кунед, самараноктар мешавад, вале каме вақти худро сарф карда, ба кӯдак имконият диҳед, ки “ин корро мустақилона иҷро намояд!”.

Вақт ёбед, ки Шумо ба ягон ҷой саросема нестед. Шояд оғоз кардани кашидани либос пеш аз оббозӣ осонтар бошад. Кӯшиш кунед, либосеро интихоб кунед, ки кашидану пӯшиданаш осон бошад. Шумо метавонед кӯдаки худро барои иҷрои амалҳои осон ташфиқ намоед ва шояд ин танҳо як амал дар ҳар як маротиба бошад.

Ҳангоми якҷоя будан ин фаъолиятро бо сӯҳбат пурра кунед. Ашёҳо, рангҳоро номбар намуда, ҳаракатҳои кӯдакро бо сухан баён кунед: “ Нигоҳ кун, ту дастатро ба остини курта меандозӣ. Хело хуб! “.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Либоспӯшӣ  малакаи муҳими "худхизматрасонӣ"  буда,  аз оғози  мактаб ивазнашаванда хоҳад шуд. Он инчунин ҳисси салоҳият ва мустақилиятро дар кӯдаки Шумо ташаккул медиҳад. Барои фаҳмидани тарзи либоспӯшӣ ба фарзанди Шумо малакаи тафаккурӣ зарур аст, то ин ки ба нақша гирад дар аввал аз чи кор оғоз кунад, кадом қисмат ба куҷо меравад ва ғайра. Инчунин, забон ва муошират, ҳангоми бо кӯдак дар бораи супориши ба ӯ хело ҷолиб сӯҳбат кардан инкишоф меёбад.