Ман туро дӯст медорам азизам

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бозӣ танҳо он аст, ки кӯдакро дар рӯи дасти худ нигоҳ доред ва ӯро ҷунбонида "Ман туро дӯст медорам, азизакам" гӯед. Сипас аз болои сар, бинӣ, дастон, ангуштонаш бӯса кунед.

Кӯдаки худро чи қадаре ки бештар ба оғӯш гиред, навозиш кунед ва ба даст бардоред, вақте ки ӯ калон мешавад, ҳамон қадар боварӣ ба худ пайдо карда мустақил мешавад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар хотир доред, ки нигоҳ доштани муошират бо кӯдак ҳамеша муҳим аст ва ламс кардани кӯдак қадами аввалин дар муошират байни волидон ва кӯдакон мебошад.