Манфиатҳои синамаконӣ дар давраи COVID - 19

Оё синамаконӣ кӯдаки маро муҳофизат мекунад? Синамаконӣ ҳаёти одамонро наҷот медиҳад. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки бо афзоиши сатҳи синамаконӣ мо метавонем ҳар сол дар саросари ҷаҳон ҷони беш аз 820 000 кӯдакро наҷот диҳем. Шири модар дорои антителоест, ки ба кӯдакон дар ҳама ҷо нерӯи солим мебахшад ва онҳоро аз бисёр сироятҳо муҳофизат мекунад. Антителоҳо ва омилҳои биоактивии шири сина як роҳи пешгирӣ ва мубориза бо сирояти COVID-19 мебошанд.
Body

Оё синамаконӣ кӯдаки маро муҳофизат мекунад?

Синамаконӣ ҳаёти кӯдаконро наҷот медиҳад. Таҳқиқот нишон доданд, ки такмил додани таҷрибаҳои синамаконӣ, баланд бардоштани сатҳи синамаконӣ, метавонад ҳар сол зиёда аз 820,000 кӯдакро дар саросари ҷаҳон наҷот диҳад. Таркиби мутавозуни шири сина ба кӯдакон нерӯи солим мебахшад ва онҳоро аз бисёр сироятҳо новобаста аз ҷои зист ва вазъи молиявии оила муҳофизат мекунад. Антителоҳо ва омилҳои биоактивии шири сина як роҳи пешгирӣ ва мубориза бо сирояти COVID-19 мебошанд, вирус дар шири сина нест ва интиқоли он аз модар ба кӯдак ҳангоми синамаконӣ ошкор карда нашудааст.

Тавсияҳои глобалии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва ЮНИСЕФ оид ба синамаконӣ низ як қисми тавсияҳои миллӣ оид ба ғизодиҳии навзодон ва кӯдакони синни хурдсол мебошанд:

  • Шири модар тамоми ниёзҳо дар ғизо ва моеъи кӯдаки Шуморо дар 6 моҳи аввали ҳаёт пурра таъмин мекунад.
  • Дар давоми 6 моҳи аввали ҳаёти кӯдак ба ӯ ягон ғизо ё моеъи иловагӣ, аз ҷумла об додан лозим нест.
  • Ба кӯдакатон чизе надиҳед (ҳама гуна хӯрок, шири гов, афшура, чой ва ҳатто об), зеро ин миқдори ширеро, ки кӯдак аз сина макида метавонад, коҳиш медиҳад, ва боиси кам шудани истеҳсоли шир мегардад. Он инчунин метавонад сабаби вайроншавии ҳазмкунии ғизо вобаста ба норасии узвҳои ҳозимаи кӯдаки Шумо гардад ва ба ин васила афзоиш ва рушди муқаррарии онро халалдор кунад.
  • Дорувориро танҳо дар ҳолати тавсияи духтури оилавӣ ба фарзандатон дода метавонед.