Манораҳои коғазӣ

Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Панҷ варақи коғаз барои ҳар як бозингар/даста, тасмаи часпак, таймер, чентаноб, вентилятор/бодкаш (аз рӯи хоҳиш).

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Инфиродӣ ё ҳамчун даста кор карда, бозингарон бояд кӯшиш кунанд, ки манораи баландтаринро бо истифода аз панҷ варақи коғаз ва тасмаи часпак созанд. Ба бозингарон 5-10 дақиқа диҳед, то дар рӯи фарш ё рӯи миз манораҳо созанд. Дар охири бозӣ, баландии ҳар як манораро чен кунед, то ғолибро муайян кунед.

Дар ин бозӣ, устуворӣ низ чун баландӣ муҳим аст - агар манора пеш аз чен кардани баландии он афтад, он аз бозӣ хориҷ карда мешавад.

Манораҳоро ба воситаи бодкаш аз озмоиш гузаронед. Оё манораҳо барои истодан ба таври кофӣ қавӣ ҳастанд?

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар ин бозии ҷолиб бозингарон барои сохтани баландтарин манораи коғазӣ мусобиқа мекунанд. Барои ғолиб шудан, онҳо бояд эҷодкорона ва ихтироъкорона фикр кунанд. Ин бозӣ барои рушди малакаҳои иҷтимоии кӯдак ва малакаҳои кор дар гурӯҳ мусоидат мекунад.