Манораро вайрон мекунем!

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Қуттиҳои хурд, болиштҳо, истаконҳои йогурт, кубҳои чӯбин.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ҷойи бозиро омода кунед. Беҳтараш дар фарши як ҳуҷраи ором ин ҷойро ташкил кунед.

Кӯдаки худро дар рӯи фарш шинонед ва дар пеши ӯ нишинед ва боварӣ ҳосил кунед, ки ҳама чизҳои лозимӣ дар назди Шумо мебошанд. Дар пеши чашми кӯдак аз ҳар гуна ашё манора созед ва бигӯед: "Нигоҳ кун, манора!"

Сипас манораро вайрон намуда, кафкӯбӣ кунед, то кӯдак бубинад, ки ин шавқовар аст - бигзор ӯ фаҳмад, ки ин бозӣ аст. Аз кӯдакатон хоҳиш кунед, ки ба Шумо ашёҳоро додан гирад, то Шумо манораро дубора созед.

Ин дафъа бигзор кӯдаки Шумо манораро вайрон кунад. Шояд дар аввал дасташро гирифта, ба ӯ нишон додан лозим ояд, ки ин корро чӣ тавр анҷом додан лозим аст. То он даме, ки кӯдаки Шумо хаста ё шавқаш нисбати бозии мазкур гум мешавад, бозиро такрор кунед.

Назорат кунед, ки бозӣ бехатар бошад ва барои ҳамин ҳам манораи хеле баланд сохта нашавад ва дорои масолеҳи сохтмонии сахт ё вазнинро истифода набаред. Беҳтараш манораи 5 қисма созед.

Кӯдаки Шумо шояд аз садои афтидани ашёҳо тарсад ва барои ҳамин ҳам, бо мақсади нишон додани оромиву хурсандӣ ҳар дафъа хандед, кафкӯбӣ ва шодӣ кунед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият ба кӯдак имкон медиҳад, ки ашёро бо роҳҳои гуногун кашф кунад. Сохтан ва вайрон кардани манора мушакҳои дастон ва ҳамоҳангсозии ҳаракатро мустаҳкам мекунад.